Духтари 16 “Шоира-Люкс”-ро ғорат кард
Ба мақомоти милитсия зани 35-солаи сокини шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст, ки 27-уми апрели соли 2017, тахминан соати 14:45-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди толори арусии “Шоира-Люкс”, дар шаҳри Хуҷанд шуда, аз он ҷо 18 адад либосҳои тӯёна, ки арзишашон 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздии мазкур ҷавондухтари 16-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ