Духтари 22-сола ғарқ шуд ё худкушӣ кард?
Дар канори шаҳри Левакант дар ҷануби Тоҷикистон як духтари 22-сола дар дарё ғарқ шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
“Сокини 22-солаи деҳаи Эшонободи ҷамоати деҳоти Ваҳдат дар канори шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ба оби дарёи макони зисташ афтода, ғарқ шудааст. Наҷотбахшон билофосила ба корҳои ҷустуҷӯӣ оғоз карданд. Ҷасади духтарро худи ҳамон рӯзи 16-уми ноябр 5 километр пойинтар аз мавзеи ғарқ шуданаш пайдо карда, ба дасти хешовандонаш супурданд”,- гуфта мешавад дар хабар.
Маълум нест, ки ин духтар тасодуфан ба дарё афтодааст ва ё худкушӣ кардааст
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ