Духтари 24-солаи Рамазон Қодиров вазифаи нав гирифт

Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон дар шабакаи телеграми худ хабар дод, ки аз пешниҳоди таъини духтари 24-солааш Айшат ба мақоми муовини нахуствазири ҷумҳурӣ оид ба блоки иҷтимоӣ пуштибонӣ мекунад.

Гуфта мешавад, ки ин ташаббусро раиси ҳукумати Чеченистон Муслим Хучиев зимни як ҷаласаи васеъ баён кардааст.

«Дар ҷаласа Муслим Магомедович пешниҳод кард, ки Айшат Қодирова, ки дар вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Чеченистон кор мекард, ба вазифаи муовини раиси ҳукумати Ҷумҳурии Чеченистон оид ба блоки иҷтимоӣ таъин карда шавад. Ман пешниҳодҳои Муслим Хучиевро ҷонибдорӣ кардам»,- гуфта мешавад дар изҳороти Қодиров.

— Собиқ муовини нахуствазири Чеченистон Мӯсо Дадаев баъдан раҳбарии Вазорати фарҳангро бар уҳда хоҳад дошт, ки то кунун Айшат Қодирова раҳбарӣ мекард,- гуфт раиси ҷумҳурӣ.

Ба гуфтаи ӯ, Айшат Қодирова «дар беҳбуди фаъолияти Вазорати фарҳанги вилоят саҳми калон гузошта, таҷрибаи кории калон андӯхтааст».

Дар авоили моҳи сентябр раисиҷумҳури Русия Владимир Путин духтари калонии раиси Чеченистон Айшат Қодироваро бо медали «Барои хизмати Ватан» дараҷаи дуюм сарафроз кард. Тибқи фармон, Қодирова барои хизматҳояш дар рушди фарҳанг ва санъати миллӣ, фаъолияти бисёрсолаи пурсамари эҷодӣ мукофотонида шуд.

Айшат Қодирова аз моҳи октябри соли 2021 дар мақоми вазири фарҳанги Чеченистон кор мекунад. Қабл аз ин, дар соли 2020 вай муовини аввали вазири фарҳанги Чеченистон таъин шуда буд.

Айшат Қодирова дорои медалҳои «Барои хизматҳо дар назди Ҷумҳурии Чеченистон» ва «Барои ҳифзи ҳуқуқи инсон» мебошад. Соли 2016 духтаре дар синни 17-солагӣ мудири хонаи мӯди исломии «Фирдавс» шуд.

Ба далели амалиёти низомии Русия дар Украина, Айшат Қодирова ба феҳристи таҳримҳои Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва Ҷопон шомил шудааст.

Моҳи декабри соли 2020 духтари дигари Қодиров — Ҳадиҷат, ки он вақт 20-сола буд, вазифаи мудири шуъбаи тарбияи томактабии Грознийро бар дӯш гирифт.

Моҳи марти соли 2023 маълум шуд, ки духтари 20-солаи Қодиров Ҳутмат ба вазифаи куратори бахши тандурустии ҷумҳурӣ таъин шудааст. Дар ин бора баъдан раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Адам Алханов хабар дод.

Дар соли 2018 бахши русии Би-би-сӣ ҳисоб кардааст, ки аз 158 мансабдори аршади Чеченистон 30% хешовандони раиси вилоят мебошанд. Худи раиси Чеченистон таъйини хешовандонашро ба мақомҳои баландпоя бо он шарҳ дод, ки ба онҳо эътимод дорад. Вай ҳамчунин гуфт, ки тақозо аз наздиконаш дар мансабҳои давлатӣ “даҳҳо маротиба бештар” аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *