Духтари Гулнора Каримова мансабдорони ӯзбекро фасодкор хонд

Дар шаҳри Тошканд мурофиаҳои нави пинҳонии Гулнора Каримова, духтари калонии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов оғоз шуданд. Дар ин бора вакили дифои швейтсарии Каримова — Грегуар Манжа иттилоъ дод.

Худи он рӯз духтари Гулнора Каримова — Имон Каримова ба ҳукумати Шавкат Мирзиёев ҳушдор дод, ки рӯзҳои наздик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ӯзбекистон ҳолатҳои коррупсионӣ дар ин кишварро ифшо мекунад.

Каримоваи хурдӣ, ки дар шаҳри Лондон ба сар мебарад, 16 сентябр дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм мурофиаҳои додгоҳии модарашро ба «сиркбозӣ» монанд карда, гуфт, «дар Ӯзбекистон ба ҷуз аз изҳоротҳои сахту тағйироти косметикӣ пешравии дигаре дида намешавад».

«Тайи ҳафтаҳои оянда ба ҳамаи додгоҳҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои маъруфи байналмилалии таҳқиқоти ҳолатҳои коррупсионӣ санадҳое равона карда мешавад ва онҳо як қисми маълумотеро ифшо хоҳанд кард, ки мақомоти Ӯзбекистон нигаронанд, ману модарам онҳоро медонем», — навиштааст Имон Каримова.

Вале духтари Гулнора Каримова дақиқ нагуфтааст, ки дар ҳолатҳои коррупсионӣ кадом мансабдори ӯзбек даст дорад.

Вакили дифои швейтсарӣ Грегуар Манжа шоми 16 сентябр дар Твиттер навишт, ки шахси зери ҳимояи ӯро барои иштирок дар мурофиае аз додгоҳи ноҳияи Яшнобод ба самти номаълум бурданд. Ба гуфтаи вакили дифоъ, духтари Гулнора Каримоваро ба толори додгоҳ роҳ надоданд. Ҳарчанд онҳо ду ҳафта пеш барои иштирок дархост карда буданд.

Ёдрас мешавем, Додситонии кулли Ӯзбекистон моҳи гузашта хабар дод, ки зидди Гулнора Каримова бо гумони дуздии пули давлат, созиш алайҳи манфиатҳои кишвар ва азхудкунии амволи ғайр ба андозаи махсусан калон парвандаи нав боз шудааст. Вале Имон Каримова парвандаи нави модарашро «сиркбозии сиёсӣ» номид.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *