Духтари Гулнора Каримова: Модарам дар зиндон ислоҳ шуд
Имон, духтари Гулнора Каримова ва набераи Ислом Каримов, собиқ Президенти Ӯзбекистон дар саҳифаи худ дар Instagram аз рафтори хуби модараш дар зиндон ва имкони дар ояндаи наздик озод шуданаш навиштааст.
Имон, духтари Гулнора Каримова ва набераи Ислом Каримов, собиқ Президенти Ӯзбекистон дар саҳифаи худ дар Instagram аз рафтори хуби модараш дар зиндон ва имкони дар ояндаи наздик озод шуданаш навиштааст.
Ҳамчунин, ба навиштаи Имон, Гулнора Каримова аз президенти кунунии Ӯзбекистон дархости авф кардааст. Вай аз вазъи бади сиҳатиаш шикоят карда, ваъда додааст, ки даъвои 686 миллион доллареро нахоҳад кард, ки дар хориҷ нигаҳ медорад.
Пештар аз ин вакили мудофеи швейтсарии Гулнора Каримова Грегуар Манжа хабар дода буд, ки вазъи сиҳатии нафари таҳти ҳимояи вай бад аст ва ба кумаки тиббӣ ниёз дорад.
Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.
Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Ӯзбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.
Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ