Духтари гумшударо мурда пайдо карданд
Ҷасади Руфейда Иноятова, духтараки 8-соларо дар ноҳияи Рӯдакӣ каме дуртар аз манзили зисташон пайдо карданд.
Дар бораи нопадид шудани як духтарак дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамагӣ як рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон нашр шуд. Аммо, имрӯз, мутаассифона, пайвандони Руфейда Иноятова хабар доданд, ки духтаракро мурда пайдо карданд.
Чаро кудакону наврасон тез тез ғайб мезанад? Омили ин раванди номатлуб дар чист? Чаро ҷомеаи Тоқикистон нисбати ин амали зишт хомӯшаст? Кӣ бояд ба дарди дили волидони ин гумшудагон дармон шавад? Ва шояд аз хомӯшии мо истифода карда он одамрабоёни қотилу бадният нақшаҳои палидонаи худро амалӣ мекунанд?!
Бубинед, ки агар як кӯдак дар Россия гум шавад, аз мардуми оддӣ то мақомоти қудративу сохторҳои дигар ба по хеста эътирозҳои дастаҷамъона мекунанд ва ба ҷустуҷӯи он мепардозанд.
Дар мо чӣ? Мисле, ки туро газад, маро чӣ ғам хомӯшиву бетарафиро пеша мекунем! Чаро?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ