Духтари Мамадбоқир: “Падарам заҳролуд шудааст”. Воқеият чист?

Сараш ба дард даромад ва табларзааш гирифт. Дастонаш ба шиддат меларзиданд ва табаш то 41 дараҷа боло рафт. Ӯ ба мо нигоҳ мекард, вале ба назар мерасид, зеҳнашро аз даст додааст ва намешиносад.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз «лидерони ғайрирасмӣ» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар бемористони шаҳри Хоруғ бистарӣ кардаанд.

Наздиконаш ба нишонаҳои заҳролудшавӣ ишора мекунанд, вале пизишкон бемории ӯро ба «синусит ва сирояти вирус» рабт медиҳанд.

Фармондеҳи пешини 58-сола ва яке аз раҳбарони пурнуфузи ғайрирасмии ВМКБ як ҳафта аст, ки дар Маркази тиббии Оқохон, дар шаҳри Хоруғ, муолиҷа мегирад. Духтараш, Баргигул Мамадбоқирова, гуфт, вазъи падараш рӯзи 22-юми феврал дар хона бад шуд ва ӯро тавассути мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон оварданд.

Баргигул рӯзи 1-уми март  чунин нақл кард: «Сараш ба дард даромад ва табларзааш гирифт. Дастонаш ба шиддат меларзиданд ва табаш то 41 дараҷа боло рафт. Ӯ ба мо нигоҳ мекард, вале ба назар мерасид, зеҳнашро аз даст додааст ва намешиносад. Вақте мошини ёрии таъҷилӣ омад, намедонист, духтурон аз ӯ чӣ мепурсанд.»
Ӯ мегӯяд, дар риштаи тибби Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург мехонад ва, иддао дорад, ки «инҳо нишонаҳои заҳролудшавиянд», вале пурра тасдиқ карда наметавонад.

Ба қавли вай, Мамадбоқиров моҳи ноябри соли гузашта, бино бар синусит ҷарроҳӣ шуд, аммо ҳеч гоҳ чунин нишонаҳо надошт. Пайвандонаш мегӯянд, дар таърихи бемории Мамадбоқиров «сирояти шадиди роҳҳои нафас» зикр шудааст.

Огоҳии охирин ба гурӯҳҳои ғайрирасмии Бадахшон

Дарёфти иттилои расмӣ аз Маркази тиббии Оқохон то ин дам ҳосил нашуд. Як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ аз ин Марказ эҳтимоли заҳролудшавии Мамадбоқир Мамадбоқировро рад кард. «Бадшавии вазъи саломатӣ бар асари кадом як сирояти вирус ва синусит рух додааст», — гуфт манбаъ, вале иттилои дақиқе дар бораи натиҷаҳои ташхис ва таҳлилҳо пешниҳод накард.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун «лидери ғайрирасмӣ» маъруф аст, сарҳанги бознишастаи неруҳои марзбонии Тоҷикистон мебошад. Бори охир номи ӯ дар соли 2018 дар сархатти расонаҳо пайдо шуд, замоне ки раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон рафт ва саркардаҳои ғайрирасмии минтақаро интиқод намуд.
“Озодӣ”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *