Духтари Назарбоев дар Швейтсария қасри Оқохонро харид
Динара Қулибоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон қасри амаки Оқохонро дар Швейтсария ба маблағи 62 миллион франки швейтсарӣ харидааст. Ин қасрро дар асри ҳабдаҳум сохтаанд.
Дар ин бора маҷаллаи швейтсарии «Bilan» рӯзи 21-уми август хабар дод. Қасре бо номи «Белерив» дар минтақаи Женева ҷойгир буда, ба феҳрасти сарватҳои миллии Швейтсария шомил аст.
Як корманди идораи маҷаллаи “Bilan” рӯзи 22-юми август гуфт, Динара Қулибоева ин қасрро «чанд рӯз пеш харид». Муҳаррири маҷалла хабарро дар шумораи рӯзи гузашта ҳамчун матлабе нашр кард, ки аз манобеи махфӣ ба даст омадааст.
Дар хабари маҷаллаи швейтсарӣ гуфта мешавад, қасри Белеривро соли 1997 падарандари бародарон Сарсок – шоҳзода Садруддин Оқохон – тақдим кард, ки худ бефарзанд буд. Садруддин Оқохон соли 2003 дар 70-солагӣ даргузашт.
Ӯ солҳои зиёд дар ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид кор кардааст. Аз ҷумла, солҳои 1970-ум ба ҳайси раиси Комиссариати олии СММ оид ба паноҳандагон ифои вазифа намудааст.
Ба иттилои манобеи интернетӣ, ӯ ду дафъа оиладор шуда, ҳеҷ гоҳ фарзанд надошт ва ҳамсари дуюми ӯ Кетрин Сарсок буд, ки писаронаш дар охир соҳиби қасри зебое дар ҳудуди 28,700 метри мураббаъ шуданд.
“Bilan” менависад, қасри Белеривро се сол пеш бо арзиши 120 миллион франки швейтсарӣ ба фурӯш гузоштанд ва ниҳоят чанд рӯз пеш аз ҷониби духтари президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо нархи 62 миллион франк харида шуд.
Нашрия менависад, Динара Қулибоева соли 2009 низ дар Женева бар ивази 75 миллион франк хона харида буд.
Ҳанӯз худи Динара Қулибаева ва ё намояндаи расмии ӯ ба ин хабар вокуниш накардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ