Духтари ноболиғ аз падар ҳомила шуд
Дар таваллудхонаи шаҳри Ӯши Қирғизистон як духтари 15-сола, ки аз падараш ҳомила шуда буд, кӯдак ба дунё овард.
Дар таваллудхонаи шаҳри Ӯши Қирғизистон як духтари 15-сола, ки аз падараш ҳомила шуда буд, кӯдак ба дунё овард. Дар ин бора раҳбари маркази буҳрони «Оқ журок» Дарика Асилбекова хабар дод.
«Дардҳои зоймони ӯ пеш аз муҳлат оғоз шуданд ва бинобар ин маҷбур шудем, ки кӯдакро ба воситаи ҷарроҳӣ бигирем. Модар аз кӯдак даст кашида, ӯро дар таваллудхона гузошт. Наздиконаш ҳам вайро ҷонибдорӣ карданд. Духтар ноболиғ аст ва мо ӯро дубора ба марказ мебарем», — афзуд Асилбекова.
Модари духтар соли 2013 аз беморие фавтидааст. Ӯ ҳамроҳи хоҳару бародарон ва падараш зиндагӣ карда, ба мактаб намерафтааст.
Падари духтар 20 январи соли 2019 бо гумони таҷовуз боздошт шуд. Ба гуфтаи пулис, ӯ бемории руҳӣ дорад ва дар ҳоли ҳозир парвандаи вайро додгоҳи ноҳияи Узген баррасӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ