Духтари президент соҳиби ҷоизаи давлатӣ гашт
Ҳайати муаллифони филми «Роҳ ба сӯи модар», ки Алия Назарбоева — духтари хурдии президенти Қазоқистон шомили он аст, соҳиби ҷоизаи давлатӣ шуд.
Фармони Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар бораи эътои ҷоизаи давлатии соли 2018 дар бахши адабиёт ва санъат имрӯз дар расонаҳои расмӣ нашр шуд.
Дар ҳайати муаллифони филм коргардон Ахан Сатаев, бозигарон Олтиной Ногербек ва Одил Ахметов ҳам шомиланд. Назарбоев ҳамзамон ба мудири пешини театри давлатии «Операи Остона» Толеубек Алпиев ва дигар ходимони теат, шоирон Акуштап Бахтигереев, Тиништикбек Абдикаримов ва Утеген Оралбоевро ҷоиза дод.
Моҳи сентябри соли 2017 дар маҷаллаи амрикоии Holywood Reporter мақолаи «Оскарҳо: Қазоқистон «Роҳ ба сӯи модар»-ро ба бахши филмҳои хориҷӣ пешбарӣ кард» нашр шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ