Духтари президент ва шавҳараш дар рӯйхати Forbes
Динара Қулибоева, духтари президенти Қазоқистон ва шавҳари вай Тимур Қулибоев, ки дар якҷоягӣ бузургтарин бонки ин кишварро идора мекунанд, дар раддабандии миллиардерҳо мақоми 194-ро ишғол карданд.
Ин раддабандиро маҷаллаи амрикоии Forbes тартиб медиҳад. Дар як соли охир дороии Қулиевҳо дар маҷмуъ 2,2 миллиард доллар афзудааст.
Дар раддабандии охири маҷаллаи мазкур номи панҷ қазоқистонӣ зикр шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ миллиардерҳои рақами аввали Қазоқистон иваз шудаанд: агар соли гузашта дар мақоми аввал тоҷир Булат Утемуратов қарор дошт, пас имсол мақоми сарватмандтарин сокинони Қазоқистонро Тимур ва Динара Қулиевҳо соҳиб шуданд.
Дороии Тимур Қулибоев дар маҷмуъ 3,2 миллиард доллар арзёбӣ карда мешавад. Бино бар иттилои маҷалла, Динара Қулибоева низ ҳамин миқдор дороӣ дорад. Дар маҷмуъ, сарвати ин ҷуфт ба 6,4 миллиард доллар баробар аст.
Маҷаллаи Forbes сар аз соли 1987 ба ин тараф сарватмандтарин одамони дунёро раддабандӣ мекунад. Соли ҷорӣ дар ин раддабандӣ 2208 одам аз 72 кишвар шомил шудааст. Дар маҷмуъ ин теъдод одамон 9,1 триллион долларро соҳибанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ