Духтароне, ки ба хитоиҳо ба шавҳар мебароянд, аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд!
Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо талаби манъи издивоҷи духтарони қазоқу чиниҳо даст ба тазоҳурот задаанд.
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, наздики 30 тазоҳургар пешниҳод намуданд, шаҳрвандии духтарони қазоқе, ки бо чиниҳо издивоҷ кардаанд, бекор карда шавад. Ҳамчунин талаб шудааст, ки шаҳрвандони Чин вазифадор шаванд, то барои ҳар як духтари қазоқ 50 ҳазор доллари ИМА андоз супоранд.
Таҷаммуъгарон ба бинои агентие ҳамла кардаанд, ки хизматрасонии шиносоӣ бо мардҳои чиниро пешниҳод мекунад. Хабари ба Қазоқистон омадани шаҳрвандони сарватманди Чин барои издивоҷ бо духтарони маҳаллӣ дар ҷомеаи ин кишвар вокуниши шадидеро ба бор овардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ