Духтарони синфҳои болоӣ ва донишҷӯдухтарон аз санҷиши бакорат мегузаранд

Мақомоти маорифи Самарқанд духтарони синфҳои болоии мактабҳои миёна ва донишҷӯёни коллеҷҳои вилоятро ба таври иҷборӣ аз санҷиши духтури занона гузаронданд. Ба иттилои як корманди ҳукумати вилояти Самарқанд, ин тасмим ба хотири ифшои духтароне гирифта шуд, ки аллакай робитаҳои ҷинсӣ доранд.

Ба гуфтаи манбаъ, «аксари вақт духтарони ҷавон ҳангоми аз даст додани бакорат ё ҳомила шудан ба хотири беобрӯ накардани худу наздиконашон, худкушӣ мекунанд». Мансабдор мегӯяд, баъд аз ташхис бо волидони духтароне, ки бакораташонро аз даст додаанд, омӯзгорон, табибон ва равоншиносон суҳбат мекунанд.

Натиҷаҳои ташхис нишон доданд, ки даҳҳо хонанда ҳомила ҳастанд. Омӯзгорон ва табибон волидони духтаронро дар ҷараён гузоштаанд.

Аммо хонандагон мегӯянд, онҳоро иҷборан ташхис мекунанд. Як донишҷӯи коллеҷ гуфт, баъди ташхис тамоми донишҷӯён огаҳӣ ёфтанд, ки як ҳамдарсашон ҳомиладор аст.

Тасмими роҳбарони вилоят дар мавриди ташхиси хонандагон баъди суҳбати президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев сурат мегирад.

Мирзиёев 9-уми ноябр ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи шӯрои вакилони мардумии вилояти Самарқанд гуфт, худкушии занону духтарон дар вилоят дар ҳоли афзоиш аст. Ба гуфтаи Мирзиёев, дар чанд вақти охир дар вилоят 145 зан ва духтарони ҷавон худкушӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *