Духтарро исқоти ҳамл кунам?
Дар клиникаи Диамед аз рӯи таҳлили хун ҷинси кӯдакро аз думоҳагӣ маълум мекунанд. Ман соҳиби 3 духтару як писар ҳастам, ки бемор аст. Шавҳарам мехоҳад писар таваллуд кунам. Ҳоло боз ҳомиладорам, раваду ҷинсаш духтар бошад, исқоти ҳамл кунам, гунаҳкор мешавам?
Хонандаи “Оила”.
Ҷавоб
Фарзанд неъмати худованд аст. Ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки барои инсон духтар хайр аст ё писар. Баъди болиғ шудану камол ёфтани фарзандон маълум мегардад, ки кадоме аз онҳо хайрхоҳу солеҳ ё солеҳа мешаванд. Исқоти ҳамл кардан танҳо ба хотири он ки тифл духтар аст, гуноҳи азим мебошад. Шахсе, ки дидаю дониста ба ин кор даст мезанад, ба қатори арабҳое дохил мешавад, ки дар замони ҷоҳилӣ духтаронашонро зинда ба зинда гӯр мекарданд. Дар он замон духтарони худро зинда ба зинда гӯр мекарданд. Одаме, ки ин корро мекунад, ба азоби илоҳӣ гирифтор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ