Духтур: Ҳар дақиқа дили Навалний аз кор монданаш мумкин…

Ба гуфтаи табиби шахсӣ ва се табиби дигар «ҳар дақиқа» имкони аз кор мондани дили Навалний вуҷуд дорад.

Байден:Нисбати Навалний беинсофӣ мекунанд…
Мақомоти низоми зиндонҳои Русия гуфтанд, ки Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифон ба беморхона интиқол дода мешавад. Мақомот гуфтанд, ки “аҳволи ӯ қаноатбахш” аст.
Ҷо Байден, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз он ки табибон ва сухангӯи Навалний ҳушдор доданд, ки ӯ бар асари гуруснанишинӣ ба марг наздик шудааст, вазъи нигаҳдории мунаққиди зиндонии Кремлро «комилан беинсофӣ» номид.
Байден рӯзи 17-уми апрел ба рӯзноманигорон гуфт, «ин комилан, комилан беинсофона ва комилан номуносиб аст».
Қаблан хабар дода буданд, ки саломатии Алексей Навланий босуръат бад шудааст. Ба гуфтаи табиби шахсӣ ва се табиби дигар «ҳар дақиқа» имкони аз кор мондани тапиши дилаш вуҷуд дорад.
Пизишки Алексей Навланий дар ин бора рӯзи 17-уми апрел дар як мактуб ба Идораи зиндонҳои Русия навишта гуфтааст, ки бо гуруҳе аз табибон омодаи кумак ба Навалний ҳастанд.
Навалнийи 44-сола 31-уми март бо нишони эътироз аз он, ки ба гуфтаи ӯ, мақомоти зиндон аз иҷозати гирифтани ёрии тиббӣ саркашӣ карданд, гуруснанишинӣ эълон кард.
Пизишкони маҳбас гуфтанд, Навалний дар камараш ду «грижа» дорад. Пизишкон ҳамчунин гуфтанд, ки Навалний таби баланд ва сулфа дорад.
Навалний, ки аз як заҳролудшавӣ бо заҳри низомие дар моҳи августи соли гузашта беш аз ним сол дар Олмон табобат гирифт, баробари баргаштан ба Маскав боздошт ва дар нақзи қарори додгоҳ аз соли 2014 дар бораи ҳабси шартӣ гунаҳгор шуд. Ӯро ба мӯҳлати 2,5 сол ба зиндон андохтанд. Ғарбу Аврупо озод шудани ӯро талаб доранд, вале Кремл гуфтааст, ки ба ин даъватҳо гӯш намекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *