Духтур Нэнсиро аз марг наҷот доду ба зани гирифт

Даричаи ошноӣ

Номи аслӣ: Nancy Ajram
Соли таваллуд: 16.05.1983
Синну сол: 34- сола
Ҷои истиқомат: Бейрути Лубнон
Шаҳрванди Лубнон

 

Фариштаи хурдакак

“Соли 1983 духтарам Нэнсӣ ба дунё омад. Падараш ҳамон вақт дар сафари корӣ буд. Бо шунидани хабари духтарчадор шуданамон чунон шод шуд, ки тоқат накарда ҳавопаймо  “закас” кард ва худи ҳамон рӯз аз Миср ба Лубнон парвоз намуд. Вақти аз дари таваллудхона даромадан дар чашмонаш ситораҳои шодӣ медурахшиданд. Хурсандиаш ҳаду канор надошт, зеро тавлиди ин тифлро мо солиёни дароз интизорӣ мекашидем ва Нэнси бароямон беҳтарин туҳфаи худованд гашт. Рӯзҳову солҳо бо шавқи тамошои ин маликаи хурдакак дар назари ману падараш чунон тез мегузаштанд, ки чӣ тавр об шудани яхи тирезаҳо ва ба тирамоҳ бадал гаштани баҳори гулпӯшро нафаҳмида мемондем. Духтарамон баробари гулҳои навруста қад кашида, рӯз то рӯз зеботару дилкаштар мешуд. Бовар кардан душвор буд, ки Нэнси фарзанди одамизод аст, чеҳраи малакутӣ, лаҳни ширину садои дилнишин ва рафтори пурназокати ин духтарчаи фатиламӯй ба фаришта шабоҳат дошт…”-Ин пора аз ёддоштҳои модари зеботарин ситораи Шарқ Нэнси Аҷрам-Римонда Аҷрам аст, ки тавлид ва кӯдакии духтари ситораашро бо шавқ ва муҳаббати бепоён нақл кардааст. Нигоштаҳои модар аз он далолат медиҳанд, ки Нэнси аз овони тифлӣ аз дигар кӯдакон куллан фарқ дошта, тавлидаш беҳтарин инъоми худованд, натанҳо ба падару модараш, балки барои тамоми дӯстдорони зебоӣ аст…

Овози тиллоӣ

Нэнси Набил Аҷрам аз кӯдакӣ мусиқию сурудро дӯст медошт ва орзуи сароянда шуданро мекард. Қадаш ҳанӯз аз лола баландтар набуд, вале ба ҳунармандони машҳур тақлид намуда, рӯзи дароз дар хона суруд зам-зама мекард. Ҳунарнамоии духтари ягонаашонро бо шавқу завқ тамошо намуда, волидонаш Набил ва Римонда Аҷрам бо табассум каф мекӯфтанд ва аз Худованд талаб намуданд, ки муроди дили фариштачаи онҳоро ҳосил намуда, ӯро ба қуллаҳои баланди шуҳрат бирасонад. Дере нагузашта дуои волидон мустаҷоб гашт ва Нэнсии 12-сола соли 1995 дар шоу-барномаи телевизионии ‘Noujoum Al-Moustakbal’- озмуни овози тиллоӣ ширкат варзида, бо садои ширину дилнавозаш миёни садҳо наврасон ғолиб омад ва соҳиби медали тилло гашт. Ин ғолибият дар дили духтарак тухми умед кошт, ки орзуи бузургтаринашро дар зиндагӣ ҷомаи амал мепӯшад. Нэнсӣ ба худ аҳд намуд, ки тамоми қуввату матонаташро сарф намуда, баҳри такмил додани ҳунараш кӯшиш хоҳад кард. Аввалин кори Нэнси дар ин росто гирифтани дарсҳои вокал аз устодони номдор  буд…

Нозанине, ки панҷ панҷааш ҳунар аст

Нэнси  дари хонаи оҳангсозони машҳурро охурча карда, шабу рӯз эҷод мекард. Садои дилнишин ва ҳусну малоҳати нотакрори духтарак ба зудӣ ӯро маҳбуби дили мардум гардонд. Вақте Нэнси ба саҳна мебаромад, нидои шодии ҳаводоронаш толорро ба ларза меовард. Садои асалии Нэнси дар ҳамоҳангӣ бо асбобҳои миллии арабӣ бениҳоят ҷазоб ба гӯш мерасид ва мухлисони ҳунари асил зери қадамҳои ин фариштаро гулборон мекарданд.

Шӯрои ҳунармандони касбии Лубнон ҳанӯз дар синни 18-солагӣ Нэнсиро ҳамчун ҳунарманди касбӣ эътироф намуданд ва шуҳрати духтараки нав ба камол расида то ба афлок расид.

Зинаҳои шуҳрат

Нэнси чанд муддат ҳамчун намояндаи ширкати овозадори Соса Соlа  фаъолият намуда, маҳсулоти ин ширкати овозадорро таблиғ менамуд. Зебосанам ба сифати модел ҳамчунин ширкати ҷавоҳироти ‘Damas Jewelry’-ро муарифӣ намудааст.

Соли 2008- албоми Нэнси бо номи ‘Betfakkar Fi Eih?!’ дастраси мухлисонаш гашта, ҳунармандро соҳиби ҷоизаи “ Мis-Evord» гардонд. 28 сентябри соли 2009 дар барномаи машҳури телевизионии  Опра Уинфрӣ (Oprah Winfrey Show) Нэнси Аҷрамро “Бритни Спирси Шарқ” номиданд ва баъди ин шуҳрати сароянда дар миқёси ҷаҳон ба авҷи аълояш расид.

Нэнси чиро дӯст медорад?

Ситораи дурахшони Шарқ Нэнси Аҷрам сайру саёҳат карданро  дӯст медорад. Нэнси натанҳо дар санъат, балки дар ошхона низ ситораи дурахшон ва бисёр кадбонуи моҳир аст. Ба серкориаш нигоҳ накарда зебосанами машҳур бо камоли майл дегу кафлезро ба даст мегирад ва чунон хӯрокҳое мепазад, ки мазааш як умр аз даҳон  намеравад.

Зебоӣ қурбонӣ металабад

Нэнси мисли дигар ситораҳо аз мухлисонаш сирру асрори зебоии худро пинҳон намедорад. Паричеҳра дар яке аз мусоҳибаҳояш иқрор шудааст, ки ба хотири санъат чанд маротиба зери теғи ҷарроҳон хобида, чор ҷарроҳии пластикиро аз сар гузаронидааст. Садояш дар оғози фаъолияти ҳунариаш каме дағал ва ба овози мард монанд буд ва Нэнси баҳри маҳинтар намудани овозаш ба табибон муроҷиат намуд. Пас аз ҷарроҳӣ садои ҳирросиаш ба овози фаришта шабеҳ гашта, шуҳрати Нэнсиро ба авҷи аълояш расонд.  Сабаби ҷарроҳии дуюми ин ҳунарманди машҳур биниаш будааст. Аксари мухлисонаш ҳусну ҷамоли ин зебосанами ширинсадоро дар сомонаҳои гуногуни иҷтимоӣ муҳокима намуда мегуфтанд, ки агар бинии Нэнси каме маҳинтар мебуд, ӯро маликаи ҳақиқии ҳусн номидан мумкин буд. Билохира санъат қурбонӣ металабад гӯён, Нэнси зери теғи табибон хобида соҳиби биничаи олиҷанобе гашт, ки ба ҳуснаш ҳусни дигар зам намуда, ошиқони ҳунарашро “девона” мекунад.

Гирёнчак

Муваффақияти Нэнси натанҳо ба ҳусну ҷамол, балки ба хислаташ низ вобастагӣ дорад. Хеле каманд ҳунармандоне, ки дар қуллаи баланди шуҳрат қарор дошта бошанд ҳам, пояшон аз замин канда нашуда, хоксору заминӣ мемонанд. Вақте мусоҳибаҳои Нэнсиро гӯш мекунӣ, аз самимияту хоксории ин ситораи дурахшони Шарқ ба ваҷд меоӣ. Бовари кас намеояд, ки яке аз сарояндаҳои машҳуртарини дунё ин қадар инсони одию заминӣ будааст. Нэнси дили нозук дорад, вай хеле зуд ба ҳаяҷон омада, баъзан ҳатто гиря мекунад. Аз ҳамин сабаб баъзан ин зебосанамро нимшӯхию нимҷиддӣ “фариштаи гирёнчак” меноманд.

Ишқи духтур

Нэнси соли 2008 бо дарди дандон ба беморхонаи Байрут рафта ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки дари беморхона дари бахти ӯро мекушояд, вале ишқ чун меҳмони ногаҳонӣ дари дилашро кӯфт. Чашмони шуълабори духтур аз нигоҳи аввал дар дили ин зебосанами машҳур аланга афканд ва табиби бемор ошиқи зори ҳам гаштанд. Мухлисон гумон доштанд, ки Нэнси ба ягон бойбачаи пулдор ба шавҳар мебарояд, вале зебосанам аз байни ҳазорон-ҳазор ошиқонаш маҳз ҳамин духтурро пазируфта, дилашро рӯйи кафҳои табиб ниҳод. Тӯйи арӯсиву домодии онҳо дар яке аз тарабхонаҳои овозадори Арабистон барпо гашта, ба табрики ин домоду арӯси хушбахт аз тамоми гӯшаю канори олам меҳмонҳои олиқадр омаданд.

Муҷассамаи вафодорӣ

Имрӯз Нэнси соҳиби ду фарзанд аст. Паричеҳраи булбуловоз муҳаббати модаронаашро натанҳо ба фарзандонаш, балки ба кулли мухлисони кӯчакаш бахшида, чанд албомашро ба кӯдакон бахшидааст. Зиндагии ин ситораи машҳур аз моҷарову овозаю ҳангомаҳо орист, зеро Нэнси зани бисёр оқилаю покдомон буда, ҳеҷ гоҳ ба оила, шавҳар ва фарзандонаш хиёнат намекунад. Мо ба ин ҳунарманди нотакрор фатҳи қуллаҳои нав ба нави санъат ва бахти ҷовидонӣ мехоҳем!

Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *