Духтуре, ки қалбҳоро наҷот ва сарнавиштро тағйир медиҳад

Чунин ҳам мешавад, ки ҳирфаи оянда инсонро қабл аз он ки худаш масири хешро бифаҳмад, интихоб мекунад. Алалхусус вақте сухан дар бораи сулолаи табибон меравад.  Ин на танҳо туҳфа аз қазост, балки масъулияти бузурги сазовори боварӣ будан, давом додани таҷрибаи андӯхта, рушд ва такмили он  низ мебошад. Ин нукта ба доктор Заурбек Ҳасанович Шугушев — яке аз духтурони барҷастаи қалб ва ҷарроҳи эндоваскулярии замони муосир тааллуқ дорад. Хонадони ӯ тайи даҳсолаҳои зиёд ҳаёти худро барои табобати қалби мардум бахшидаанд. Вай на танҳо пешаи аҷдодиро идома дод, балки қуллаҳои навро дар тибби Русия ва ҷаҳон фатҳ намуд.

САВОЛ: Заурбек Ҳасанович, чӣ гуна шумо ба соҳаи тиб омадед ва чаро маҳз кардиологияро интихоб намудед?

ҶАВОБ: Падари ман, Шугушев Ҳасан Хаталович, яке аз кардиологҳои шинохта на танҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар тамоми ҷаҳон буд. Ӯ дар институте таҳсил ва фаъолият кард, ки роҳбари он донишманди бузург Евгений Иванович Чазов буд. Дар як вақт падарам табиби шахсии Леонид Илич Брежнев буд. Ӯ бо Чазов якчанд корҳои илмии муштарак дошт, ки дар маҷаллаҳои бонуфуз, аз ҷумла American Heart Journal нашр шудаанд.

Аз ин рӯ, ман намояндаи сулолаи табибон ҳастам: падари ман ҳамеша кардиолог буд ва ман аз кӯдакӣ ҳеҷ шакке надоштам, ки ин касби ояндаи ман хоҳад шуд.

САВОЛ:  Шумо чӣ гуна дар як вақт тавонистед фаъолияти клиникӣ, илмӣ ва маъмуриро муттаҳид пеш баред? Чунин шева ба сифати коратон чӣ таъсир мерасонад?

ҶАВОБ: Дар ин маврид профессор Преображенский дар асари «Дили саг”-и Булгаков мегӯяд: «Вақт ба касе итоат мекунад, ки ҳаросон шитоб надорад». Ман кӯшиш мекунам, ки худро парешон насозам ва бо низоми муайян корҳоямро анҷом диҳам.

Фаъолияти илмӣ ба ман имконият медиҳад, ки аз навтарин технологияҳо ва тадқиқотҳои соҳа огоҳ бошам. Фаъолияти маъмурӣ маро ҳавасманд месозад, ки низоми муассири кумаки тиббиро рушд диҳам. Аммо амалияи клиникӣ — асоси ҳамаи ин аст, он чизест, ки ба ман неру мебахшад. Вақте ки ҳамаи ин ҷузъҳо бо ҳам алоқаманданд, якдигарро тақвият медиҳанд, сифати кор беҳтар мешавад.

САВОЛ: Чӣ чиз ба шумо кумак мекунад, ки ҳамеша пеш ҳаракат кунед?

ҶАВОБ: Зиндагии падар. Ӯ дар як оилаи оддӣ ба воя расидааст: бобоям дар деҳа оҳангар буд, бо вуҷуди ин падарам тавонист ба қуллаҳои баланди илм ва кардиология расад. Ин ба дӯши ман масъулияти бузургро бор мекунад. Водор месозад, ки кори ӯро идома диҳам ва парчамеро, ки ӯ барафрохт, баланд нигоҳ дорам.

Дар оилаи мо ҳама табибанд — модар, хоҳарам ва ман. Дарк мекунам, ки мо на танҳо сулолаи касбиро, балки ном ва шаъни хонаводаамонро низ ҳифз мекунем.

САВОЛ: Ба назари шумо, кардиология дар Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ дар 20 соли охир чӣ гуна рушд ёфт? Кадом тамоюлҳо ба назари шумо муҳимтарин ҳастанд?

ҶАВОБ: Дар солҳои 2000-ум кардиология дар Русия як қадами бузург ба пеш гузошт. Доруҳои муассир, технологияҳои шунтгузорӣ ва табобати эндоваскулярӣ рушд ёфтанд. Пас аз кушода шудани «пардаи оҳанин», мо бисёре аз таҷрибаи ҳамкорони хориҷиро зуд аз худ кардем.

Ҳоло, вақте ки ман дар конфронсҳои байналмилалӣ ширкат мекунам, мебинам, ки мо на танҳо ақиб намондаем, балки дар бисёр соҳаҳо пешсаф низ ҳастем.

Як тамоюли муҳим — гузариш ба сатҳи нави пешгирии ибтидоии бемориҳои дилу раг мебошад. Мо бояд ба мардум аҳамияти тарзи ҳаёти солим, ғизои мутавозин ва назорати нишондиҳандаҳои саломатӣ пеш аз гирифтани доруҳоро фаҳмонем.

Ин гуна «тибби пешгирикунанда» натиҷаи беҳтарин медиҳад ва ҳамзамон сармоягузории зиёд талаб намекунад.

САВОЛ: Чӣ чиз шуморо водор сохт, ки фаъолиятатонро дар бемористони роҳи оҳан ба роҳ монед?

ҶАВОБ: Вақте ки ман ба РЖД-тиб пайвастам, махсусиятҳои низоми ин бемористон фавран маро ҷалб кард. Ин на танҳо як беморхонаи шаҳрӣ аст, ки танҳо ба ёрии фаврӣ нигаронида шудааст ва на як маркази федералӣ, ки танҳо ҷарроҳиҳои нақшавиро анҷом медиҳад. Дар ин ҷо ҳамбастагии ду самт вуҷуд дорад: ҳам ёрии нақшавӣ ва ҳам фаврӣ.

Ғайр аз ин, тибби роҳи оҳан аз замони Шӯравӣ мактаби қавии илмӣ дошт. Дар замони худ онро Олег Юревич Атков — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ роҳбарӣ мекард. Ӯ маро дастгирӣ намуд ва ҳамин тавр, ман ба системаи ОАО «РЖД» ворид шудам.

Мехоҳам махсус саҳми Елена Анатолевна, директори марказро зикр кунам, ки нақши бузург дар рушди ин муассисаи тиббӣ гузоштааст. Бо кӯшишҳои ӯ марказ фаъолона муосирсозӣ шуда, бо таҷҳизоти навтарин таъмин гардида, технологияҳои пешрафтаи ташхис ва табобат ҷорӣ мегарданд. Имрӯз низоми тандурустии роҳи оҳан босуръат рушд мекунад, сатҳи хизматрасонии тиббиро на танҳо барои кормандони роҳи оҳан, балки барои тамоми беморон беҳтар менамояд.

САВОЛ: Шумо бо Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳамкорӣ доред?

ҶАВОБ: Тавре ки ман медонам, як филиали мо дар Ӯзбекистон фаъолият дорад, аммо дар Тоҷикистон ҳанӯз не. Бо вуҷуди ин, самти ҳамкориҳои байналмилалӣ фаъолона рушд меёбад. Умедворам, ки дар оянда таҷрибаи моро ба Тоҷикистон низ паҳн кардан мумкин хоҳад шуд.

САВОЛ: Ба андешаи шумо, чаро дар Осиёи Марказӣ бемориҳои дилу раг хеле зиёданд?

ҶАВОБ: Омилҳои таъсиргузор зиёданд:

— Тарзи ҳаёт.

— Норасоии корҳои фаҳмондадиҳӣ.

— Эътимоди паст ба тибби анъанавӣ (расмӣ).

Як омили дигар — таомҳои суннатӣ аст, ки дар баъзе минтақаҳо бо ғизои серравған бой мебошад. Илова бар ин, бисёре аз одамон танҳо дар ҳолатҳои вазнин ба табиб муроҷиат мекунанд, ки боиси бадтар шудани ҳолати онҳо мегардад.

Ҳамаи ин боис мешавад, ки бемориҳои дилу раг дар синни ҷавонӣ пайдо ва бо гузашти вақт шадидтар мешаванд.

САВОЛ: Оё тафовуте миёни бемориҳо дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад?

ҶАВОБ: Бале, бешубҳа.

  • Дар занон аксар вақт таваллуди пайдарпай мушоҳида мешавад, ки метавонад ба системаи дилу раг таъсир расонад.
  • Дар мардон зиёд шудани фарбеҳӣ, гипертония ва сатҳи баланди холестерин дар синни ҷавонӣ нисбат ба Аврупо ва Русия бештар мушоҳида мешавад.

Ҳамаи ин натиҷаи омилҳои генетикӣ, тарзи ҳаёт, ғизо ва набудани ташхиси мунтазам мебошад. Дар натиҷа, бемориҳо 10-15 сол пештар аз аврупоиҳо ва русҳо пайдо мешаванд.

САВОЛ: Яъне, анъанаҳо ва урфу одати мардум ба пайдо шудани бемориҳои дил таъсир доранд?

ҶАВОБ: Бешубҳа. Пештар таомҳои серкалория мушкил эҷод намекарданд, зеро одамон фаъолияти ҷисмонии баланд доштанд.

Имрӯз бошад, ҳаракат хеле кам шудааст, аммо дастрасии ғизо ва фастфуд хеле афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, маданияти ташхиси солона дар байни аҳолӣ вуҷуд надорад. Ҳамин тавр, беморӣ ноаён рушд мекунад ва танҳо дар марҳилаи вазнин ошкор мешавад.

САВОЛ: Аз рӯи таҷрибаи шумо, ба сокинони Тоҷикистон барои пешгирии бемориҳои дилу раг чӣ маслиҳат медиҳед?

ҶАВОБ: Пеш аз ҳама — муназзам аз ташхис гузаштан.

Ҳадди ақал 1 маротиба дар як сол бояд ба терапевт ё духтури оилавӣ муроҷиат кард.

  • Инсон бояд танҳо ба ҳиссиёти худ такя накунад — ҳатто шахсе, ки худро хуб ҳис мекунад, метавонад патологияи ҷиддӣ дошта бошад.
  • Омилҳои хатарро барвақт муайян кардан лозим аст, то пеш аз пайдоиши мушкилоти вазнин онҳоро ислоҳ кард.
  • Ба ғизои солим аҳамият диҳед, аз ғизои серравған ва хӯроки зиёдатӣ худдорӣ кунед.
  • Бештар ҳаракат кунед.

САВОЛ: Кадом барномаҳои иловагии тиббӣ барои Тоҷикистон муфид хоҳанд буд, то хатари бемориҳои дилу рагро коҳиш диҳанд?

ҶАВОБ:

  • Барномаҳои оммавии маърифатӣ — тавассути ТВ, интернет ва радио аҳолиро дар бораи таваҷҷуҳ ба саломатии дилу раг огоҳ кардан.
  • Барномаҳои ташхиси ройгон — ташкили муоинаи тиббии солона барои одамони аз 40-сола боло.
  • Машваратҳои фосилавӣ бо мутахассисони байналмилалӣ — истифодаи телемедитсина барои ташхис ва машварат бо духтурони ботаҷриба.
  • Ташвиқи тарзи ҳаёти солим — бо роҳандозии барномаҳои фитнес, ғизои солим ва варзиш барои аҳолӣ.
  • Омӯзиши духтурони маҳаллӣ — баргузории семинарҳо ва курсҳои махсус барои табибони тоҷик бо иштироки мутахассисони пешрафтаи байналмилалӣ.

Ҳамаи ин метавонад вазъи саломатии аҳолиро беҳтар карда, шумораи бемориҳои дилу рагро дар Тоҷикистон кам кунад.

САВОЛ: Шумо мутахассиси шинохта дар соҳаи ҷарроҳии эндоваскулярӣ ҳастед. Ба андешаи шумо, кадом технологияҳои муосир дар ин соҳа инқилобӣ мебошанд?

ҶАВОБ: Дар айни замон, ба назари ман, амалиёти эндоваскулярӣ дар клапанҳои дил аз ҳама умедбахш мебошад.

Пештар барои иваз кардани клапани дил ҷарроҳии кушода лозим буд, ки бо қатъ шудани кори дил, истифодаи системаи гардиши хун ва хатарҳои зиёд ҳамроҳ буд.

Имрӯз бошад, клапани аортаро метавон тавассути рагҳо имплантатсия кард — аксар вақт танҳо бо анестезияи маҳаллӣ. Ин усул хавфи осеби вазнинро кам мекунад ва ба беморон имконияти пурраи муолиҷа медиҳад.

САВОЛ: Оё телемедитсина дар кардиология муҳим аст? Оё он метавонад дар минтақаҳои дурдаст, масалан дар Тоҷикистон истифода шавад?

ҶАВОБ: Албатта, ҳа. Мо наметавонем дар ҳар як ноҳия кардиологи сатҳи олӣ дошта бошем. Аммо технологияҳои телемедитсинӣ имкон медиҳанд, ки дар ҳама ҷо машварати мутахассисон дастрас бошад.

Кардиолог метавонад дар марказ фаъолият кунад, дар ҳоле ки беморон дар шаҳру деҳот метавонанд ба ӯ муроҷиат кунанд.

Телемедитсина ояндаи бузург дорад ва ман мутмаинам, ки дар 10-20 соли оянда кишварҳои зиёд бо инфрасохтори телемедикӣ фаро гирифта мешаванд.

САВОЛ: Вақте ки шумо стратегияи табобат тартиб медиҳед, афзалияти аввалиндараҷа бароятон кадом аст: мубориза бо нишонаҳо ё бартараф кардани сабаби аслӣ?

ҶАВОБ: Пеш аз ҳама — дароз кардани умри бемор.

Табиб бояд ба пешомади беморӣ таъсир расонад ва хатари маргро коҳиш диҳад.

Дар ҷои дуюм — беҳтар кардани сифати зиндагӣ: бартараф кардани дард, коҳиш додани нафастангӣ ва дигар нишонаҳо.

Аммо ҳадафи асосӣ — ҳифз ва дароз кардани умр аст.

САВОЛ: Оё метавонед як ҳодисаи нодирро аз таҷрибаи худ нақл кунед?

ҶАВОБ: Як бор мо беморе доштем, ки асорати вазнин дошт — хунравии шаддид дар рагҳо. Ҷарроҳии дубораи бемор ба миён омад. Бемор 7 литр хун аз даст дод. Бо вуҷуди ин, мо тавонистем ӯро бе ягон оқибатҳои ҷиддӣ муолиҷа кунем.

Ин самараи кори дастаҷамъӣ буд:

  • ҷарроҳони раг,
  • реаниматологҳо,
  • кардиологҳо,
  • мутахассисони эндоваскулярӣ якҷоя стратегияи дурустро муайян карданд.

Натиҷа, бемор зинда монд ва ин барои мо мояи ифтихор буд.

САВОЛ: То чӣ андоза стресс омили муҳими хатари бемориҳои дилу раг аст? Шумо ба одамоне, ки дар фишори равонии доимӣ зиндагӣ мекунанд, чӣ тавсия медиҳед?

ҶАВОБ: Стресс — яке аз омилҳои калидӣ аст.

Пештар бемориҳои дилу рагро «бемории одамони тугмафишор» меномиданд — яъне онҳое, ки масъулияти бузург доранд ва дар шиддати асабӣ қарор доранд.

Ман тавсия медиҳам:

  • Фаъолияти ҷисмонӣ бештар кунед (масалан, пиёдагардӣ).
  • Реҷаи рӯз ва хобро дуруст танзим намоед.
  • «Гигиенаи рақамӣ»-ро риоя кунед:
  • 2 соат пеш аз хоб телефонро хомӯш кунед.
  • Набояд субҳ аз тамошои хабарҳо оғоз шавад — ин сатҳи стрессро афзоиш медиҳад.

САВОЛ: Шумо ба хонандагон чӣ маслиҳат медиҳед, ки дилу раги худро солим нигоҳ доранд?

ҶАВОБ:

  • Ҳар рӯз 30-60 дақиқа пиёда гардед, махсусан пеш аз хоб.
  • Ғизои вазнинро бегоҳ нахӯред — пас аз сайругашт барои хоб омода шавед.
  • Хоби солим яке аз омилҳои асосии саломатии дил аст.

САВОЛ: Оё «қоидаҳои тилоӣ» доред, ки барои пешгирии бемориҳои вазнин одамон онҳоро риоя кунанд?

ҶАВОБ: Қоидаи тилоӣ:

  • Ба духтур муроҷиат кунед ва тавсияҳои ӯро риоя намоед.
  • Аз худтабобаткунӣ худдорӣ кунед ва тафсири шахсӣ ба машварати духтур надиҳед.
  • Ташхисҳои тиббиро ҳамчун ҷузъи ҳаёти худ қабул кунед — чуноне ки ғизо ва дигар одатҳоро.

САВОЛ: Агар шумо кардиолог намешудед, ба кадом касб машғул мешудед?

ҶАВОБ: Ростӣ, тасаввур карда наметавонам. Ман аз кӯдакӣ кори падарамро медидаму омӯхтаам — ӯ кардиологи бузург буд.

Ба назари ман, дил муҳимтарин узви инсон аст ва тамоми ҳаёти ман ба ин соҳа пайванд аст.

Мусоҳиб:

Шариф ҲАМДАМПУР

Тарҷума аз рӯзномаи ”Аргументы и факты”, №7, 2025

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image