Духтурон ба касби худ содиқанд

Табрикоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Иди касбии табибони Тоҷикистон

Ҳамкасбони азиз, шумо ва дар симои шумо кулли табибони мамлакатро аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарорасии Иди касби табибони Тоҷикистон, ки ҳамасола 18 август, яъне дар Рӯзи зодрӯзи падари илми тиб Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино таҷлил карда мешавад, самимона табрику шодбош намуда, бароятон, пеш аз ҳама, саломативу сарбаландӣ, муваффақияту комёбӣ ва дастовардҳои нав ба навро хоҳонам.

Ҳадаф ва мақсад аз таҷлил намудани ин сана бори дигар қадршиносӣ ва арҷгузорӣ намудани ҷомеа ба заҳматҳои шабонарӯзии табибон мебошад.

Дарвоқеъ, касби табибӣ яке аз пешаҳои муҳимтарини инсонӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи фарҳанги башарӣ мақом ва мартабаи хоса дорад. Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Зеро инсон дар рафти зиндагӣ ҳамеша ба бемориҳо рӯ ба рӯ мешавад ва ягона нафаре, ки дар чунин ҳолат ба дарди онҳо дармон шуда метавонад, ин табиб аст. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандон ба табибон ҳамчун наҷотбахши ҷони хеш муроҷиат менамоянд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ барои хизматҳои бемислу монанди Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино  дар рушди илми тиб дар кишвар як қатор иқдомҳо амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии мамлакат-Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи ин чеҳраи мондагори таърих гузошта шуд.

Барои  олимони ҷавони кишвар, ки дар соҳаи илмҳои дақиқ ихтироъкорӣ менамоянд, Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъсис ёфт. Яке аз ноҳияҳои калонтарини шаҳри Душанбе низ ба номи ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик гузошта шуд.

Имрӯзҳо ворисони Синои бузург дар пайравӣ ба сиёсати дурандешона ва оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва пешрафти соҳаи тандурустии Тоҷикистони азизамон саҳми намоён гузошта истодаанд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш дар ташхис ва табобати беморон маҳорати баланд доранд. Далели ин гуфтаҳо муроҷиати шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати гузаштан аз ҷарроҳиҳои мураккаб ба муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад, ки ин, албатта, аз маҳорати баланди касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон дарак медиҳад.

Яке аз масъалаҳои мубраме, ки  айни ҳол соҳаи тандурустии  аксар кишварҳои оламро ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ намуда истодааст, паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 мебошад.

Ҳанӯз аз замони дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифтани ин беморӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҷиҳати пешгирии интиқоли ин беморӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуданд.

Хушбахтона, маҳз дар натиҷаи талошҳои хастанопазири табибони кишвар имрӯзҳо шиддати бемории COVID-19 дар Тоҷикистон коҳиш ёфта истодааст. Вале, новобаста ба ин, барои пурра аз байн бурдани ин беморӣ мо табибонро лозим аст, ки  боз ҳам софдилона ва содиқона муборизаро бар зидди ин беморӣ идома бидиҳем.

Ҳамкасбони гиромӣ, айни замон, ки мо дар арафаи таҷлили Иди касбии табибони Тоҷикистон қарор дорем, барои заҳматҳои шабонарӯзиятон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории  COVID-19  ба якояки шумо изҳори сипос менамоям.

Воқен, табибони Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба ҳайси як лашкари бузург бар зидди ин беморӣ мубориза бурда истодаанд.  Дар ин росто, зикр намудан бамаврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмати табибонро барои мубориза бо бемории коронавируси нави COVID-19 қадр менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *