“Дулан” ба дарё рафт, «Мерsедеs DAF» ба ҷарӣ! Ду нафар ҳалок ва ду тан захмӣ шуданд (аудио)

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, 12-уми марти соли 2022 тахминан соати 13:30 ҳангоми ҳаракат аз самти Хуҷанд ба Душанбе мошини боркаши тамғаи «Мерsедеs DAF», ки аз ҷониби як сокини 45-солаи шаҳри Ҳисор идора мешуд, аз зарби тарма ба ҷарии 100-метра сарозер шуд.

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони хадамоти роҳи ширкати IRS ба ҷарӣ рафта ва ронандаву мусофири онро аз дохили мошин боло овардаанд. Ҳарду ба бемористони ноҳиявӣ интиқол дода шудаанд.

Худи ҳамин рӯз дар километри 693-и роҳи мошингарди Хоруғ — Мурғоб, ки аз қаламрави деҳаи Ғунди ноҳияи Шуғнон мегузарад, мошини борбари тамғаи “Дулан”, ки аз ҷониби як сокини 63-солаи ноҳияи Рӯдакӣ идора мешуд, ҳамроҳ бо ҳамсафараш — писари 40-солаи ронанда бар асари зарбаи тарма ба дарёи Ғунд сарозер шудааст. Падару писар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ҷасади онҳо пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шудааст.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои куҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро ба сафар омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *