Дунёи картошка. Оё Куҳистони Мастчоҳ кишварро наҷот медиҳад?  

Пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Куҳистони Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои калони картошкапарварӣ буда, ҳамасола дар ин ҷо дар майдони бештар аз се ҳазор гектар картошка кишт гашта, истеҳсоли он ба зиёда аз 100 ҳазор тонна расонида шудааст. Дар ояндаи наздик Куҳистони Мастчоҳ метавонад кишвари моро аз мушкили норасоии картошка наҷот диҳад…

Нони дуюм

Картошкаро дар 150 мамлакати дунё мекоранд ва онро ҳамчун «нони дуюм» мешуморанд. Он дар байни зироатҳои кишоварзӣ аз рӯи миқдори умумии истеҳсолаш дар дунё ҷои чорумро баъди гандум, шолӣ ва ҷуворимакка ишғол менамояд. Таърихи парвариши ин зироат дар Тоҷикистон беш аз сад солро дар бар мегирад ва ҳоло картошкапарварӣ қариб дар тамоми манотиқи ҷумҳуриамон ба роҳ монда шудаааст.

Мувофиқи нишондодҳо меъёри зарурии тиббии истеъмоли картошка дар як сол аз тарафи як шаҳрванд дар Тоҷикистон бояд зиёда аз 92 кг бошад. Яъне барои таъмин намудани тамоми аҳолии мамлакат, ки ҳоло зиёда аз 10 миллион нафарро ташкил медиҳад, дар муддати сол қариб як миллион тонна картошкаи хӯрокӣ бояд истеҳсол гардад. Вале, бо назардошти сарфи тухмӣ ва то 8-10% талаф ёфтани картошка, дар муддати 4-6 моҳи нигоҳдорӣ ҳоло талаботи пурраи он иҷро нашуда мемонад. Бинобар ин, дар назди деҳқонон ва мутахассисони соҳаи ҳаётан зарури кишоварзӣ — картошкапарварӣ масъалаи муҳим қарор дорад, яъне истеҳсоли картошка дар солҳои наздик бояд то ба 1,5 млн тонна расонида шавад.

2 роҳи афзудани ҳосил

Дар кишварамон имконияти бо ду роҳ афзун намудани истеҳсоли маҳаллии картошка вуҷуд дорад:

ЯКУМ, бо роҳи васеъ намудани майдони кишти ин зироат, ки ин роҳи экстенсивӣ буда, аз сабаби маҳдуд будани захираҳои заминҳои обии ҷумҳурӣ мушкилиро пеш меорад.

ДУЮМ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироат аз ҳар гектари кишт, ки ин роҳи интенсивии истифодабарии заминро тақозо менамояд. Роҳи дуюм бештар ба мавҷуд будани навъҳои серҳосил, тухмии аълосифат, техникаи кишоварзӣ ва ташкили тухмипарварии ватании картошка дар минтақаи куҳистон вобаста аст.

Таҷрибаҳои олимон собит намудаанд, ки ҳосилнокии картошка то 30- 40 фоиз ба сифати тухмии аълосифат вобастагӣ дорад ва таҳқиқотҳои бисёрсолаи олимон ва мутахассисони соҳаи картошкапарварӣ нишон додаанд, ки дар шароити ноҳияҳои куҳӣ ва наздикуҳии кишварамон (дар баландиҳои 1800-3000 метр аз сатҳи баҳр) имконияти парвариш намудани тухмии аълосифати картошка мавҷуд аст.

Натиҷаи таҷриба

Соли ҷорӣ олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти боғдорӣ, токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), Вазорати кишоварзии кишвар ва Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» омӯзишҳоро доир ба нашъунамои навъҳои киштшавандаи картошка дар минтақаҳои куҳии мамлакатамон санҷида баромаданд. Мақсади асосии ин омӯзишҳо ба он равона гардида буд, ки тухмии элитаи навъҳои картошкаи Галла ва Кроне, ки баҳори соли 2023 аз Ҷумҳурии Белорус ба миқдори 530 тонна ба ҷумҳурӣ ворид гардида буд, дар шароити ноҳияҳои куҳии кишвар, аз қабили ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, Файзобод, Сангвор, Деваштич, Шаҳристон, Куҳистони Мастчоҳ, шаҳри Исфара, Балҷувон, Муъминобод, Ховалинг ва ғайраҳо кишт гашта буду чӣ тавр нашъунамо менамоянд, муайян карда шавад. Дар ин раванд олимон ва мутахассисон инчунин шароити боду ҳаво ва имконияти парвариши ояндаи тухмии аълосифати навъҳои картошкаро дар минтақаҳои куҳии кишвар омӯхта, пешниҳодҳои заруриро доир ба минбаъд тақвият бахшидани тухмипаварии ватании картошка омода сохтанд.

Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи омӯзиши минтақаҳои куҳии кишварамон барои парвариши картошкаи тухмӣ мутахассисон ба чунин хулоса омаданд, ки шароити ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, боду ҳаво, иқлиму обу хоки ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ хело мувофиқ мебошад. Дар ин ноҳия захираҳои оби соф, хокҳои серҳосил, боду ҳавои салқин дар давраи нашъунамои картошка (ҳарорати миёнаи ҳаво дар ин ҷо ба 18-23 0С баробар аст), хело кам будани ҳашароти зараррасон ва касалиҳои картошка ба назар мерасад, ки ин омилҳои асосӣ барои ба даст овардани ҳосили баланди картошка ва ба муддати дароз нигоҳ доштани сифатҳои тухмии он мусоидат менамоянд. Ба ғайр аз ин, дар ин ноҳия картошкапарварон таҷрибаи хуби парвариши картошкаро доранд, аз он ҷумла нигоҳ доштани навъу намунаҳои гуногуни картошка, кишти омехтаи картошка бо лӯбиёгиҳо, алалхусус бо боқле, ҷуворимакка ва офтобпарст, дар шароити табиӣ дар анборхонаҳои хурди маҳал муддати дароз нигоҳ доштани тухмӣ, киштгардон ва агротехнологияи баланди парвариши картошкаро хело хуб аз худ намудаанд.

6 пешниҳод

Бинобар ин, мо мутахассисон ва олимони соҳа ба чунин хулоса омадем, ки барои парвариши картошкаи тухмии сифаташ баланд шароити боду ҳавои салқин ва иқлими муътадили ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ниҳоят мувофиқ буда, дар ин замина чанд пешниҳодро ироа мекунем:

1. Ноҳия метавонад дар оянда минтақаи озоди истеҳсоли картошкаи тухмӣ барои тамоми картошкапарварони ҷумҳурӣ бошад.

2. Барои тақвият бахшидани тухмипаварии маҳаллии картошка Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Вазорати кишоварзӣ, Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ», шарикони рушд ва сармоягузорон дар сохтани анборхонаҳо, дастрасӣ ба техникаҳои кишоварзӣ, таъмин бо тухмиҳои навъҳои сеҳосил, таъмири роҳу кӯпрукҳо ва баланд бардоштани ҳамкориҳои олимони соҳа бо деҳқонон кӯшиш ба харҷ диҳанд.  

3. Эълон намудани ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ҳамчун макони «Дунёи картошка». Дар ин замина тамоми гуногунии биологии картошка дар ин ноҳия барои наслҳои оянда гирд оварда шавад. Чунон ки дар ватани картошка — Перу «Парки картошка» вуҷуд дорад.

4. Дар оянда тухмиҳои суперэлита, элита ва репродксияҳои якум ва дуюми картошка, ки аз беруни кишвар ворид мегарданд, аввал дар хоҷагиҳои ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ афзоиш ва пасон ба дигар ноҳияҳои куҳии кишвар интиқол дода шаванд.

5. Дар ояндаи наздик олимону деҳқонони Осиёи Марказӣ, картошкапарварони кишвар ва сайёҳону фермерон ба ин ҷо барои омӯзиши таҷрибаи бойи деҳқони тоҷик ва гуногунии биологии картошкаро дидан сафарҳо дошта бошанд.

6. Дар шароити ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ метавон картошкаи тухмиро барои кишти баҳорӣ ва тобистонаи картошка дар водиҳои Вахшу Кӯлобу Ҳисору Суғд парвариш намуд, ки ин ҳам минбаъд барои афзоиш додани истеҳсоли картошка дар мамалакат кумаки калон расонида метавонад. Барои ин, дар ин ҷо бештар анборхонаҳоро сохтан зарурият дорад, ки деҳқонон бидуни сарфи қувваи барқ, тавассути ҳавои салқини куҳистон тухмиро то моҳҳои июну июл нигоҳ дошта, ба деҳқонони водӣ барои кишти тобистонаи картошка пешкаш намоянд.

7. Дар шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳо бозори фурӯши тухмии картошка аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ташкил карда шавад ва тухмиҳои картошкаи ин ноҳия бояд ҳуҷҷати расмӣ дошта бошанд, ки пеши роҳи ғайрирасмии фурӯши тухмии сифаташ пасти картошка минбаъд гирифта шавад. 

Ҳамин тавр, тавассути дастгирии деҳқонони ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, дар солҳои наздик масъалаи мушкили парвариши тухмии аълосифати картошка барои тамоми картошкапарварони кишварамон метавонад ҳалли худро ёбад, ки ин дар рушди минбаъдаи соҳаи муҳими кишоварзӣ — картошкапарварӣ таъсири мусбати худро хоҳад расонид.

Б. БОБОЗОДА,

директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ,

А. ТОЛИБОВ,

директори Институти боғдорӣ, токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ,

Қ. АЛИЕВ,

мудири озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аъзо-вобастаи АМИТ, доктор илмҳои биологӣ,

Қ. ПАРТОЕВ,

мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *