Дунёи Зан — Модар баҳористони гулафшони зиндагист
Дар шаҳри Бохтар Рӯзи модар таҷлил карда шуд. Дар ин ҷамъомад бонувони собиқадор, меҳтарони хизмати давлатӣ, фаъолон иштирок доштанд.
Давлаталӣ Саид — раиси вилояти Хатлон гуфт, ки таҷлили Рӯзи модар дар оғози фасли зебои сол, баҳори некпай ҳамчун рамзи сарсабзӣ, садоқату муҳаббат ба зиндагӣ, ободиву осудагӣ ва равшангари ҳаёти осоишта буда, аз бузургии занону модарон башорат медиҳад.
Ӯ афзуд, ки “дунёи зан — модар баҳористони гулафшони зиндагист. Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ минбаъд густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеа қувваи бузург мебошанд ва мо ба нерӯву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Дар панҷ соли охир 105 лоиҳаи пешниҳоднамудаи бонувони соҳибкор оид ба рушди соҳибкорӣ дастгирӣ ёфтааст. Барои амалишавии лоиҳаҳо аз буҷети вилояти Хатлон 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ ҳамчун гранти раиси вилояти Хатлон ҷудо шудааст».
Дар чорабинӣ бонувони фаъолу хизматнишондода, собиқадорони арсаи меҳнат бо Ифтихорнома ва Сипосномаи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ