Дуо кунед: Пойи Парвин Юсуфӣ шикаст (видео)

Парвин Юсуфӣ, сарояндаи маъруфи кишвар зимни як фалокате пояшро шикастааст ва феълан дар бемористон қарор дорад.

Зуля Раҳматова дӯсти сароянда дар саҳифаи Фейсбукаш менависад, ки “Парвинро феълан ҷарроҳӣ карданд ва аҳволаш хуб аст. Орзу мекунам, ки ӯ зуд шифо ёбад”.

Парвин Юсуфӣ солҳои 90-ум ба майдони эстрадаи тоҷик ворид шуд ва сабки хоси сарояндагиаш байни мухлисон машҳур гардид.

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон аст. Сурудҳои классикиро бо шеваи нав месарояд. “Эй сорбон” ва “Қалъабандӣ”-аш назир надоранд.

Дуо мекунем, ки Парвин Юсуфӣ зуд шифо ёбад ва ба ҳузури мухлисонаш баргардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *