Бахтиёр Ҳамдамов

Дуои хайр… Баъди аз вазифа рафтанам

Муддате пас аз вазифа рафтанам дар яке аз кӯчаҳои шаҳр ҷамъе аз “дӯстон”-и мансабдорро дидам, ки дар соате фориғ аз кор ба хӯрдани наҳор мерафтанд. Бандаро бо чеҳраҳои кушод ва ба шодиву нишот канор гирифтанд, гӯё сад сол аст, ки ҳамдигарро надидаем ва бо ҷабри қазо аз ҳам буридаем.

Ҳар яке маро ба наҳве сифат мекард. Яке мегуфт:

— Аҳсан! Хеле ҷавон шудӣ. Рӯят нав банур шудааст, ғам аз чеҳраат дур шудааст!

Дувумӣ тасдиқ мекард:

— Бале! Кас гумон мекунад, ки на паршикастаӣ, балки ба аспи саодат нишастаӣ!

Савумӣ хушомадомез мегуфт:

— Дуруст гуфтед, раиси муҳтарам! Гӯё, ки на аз вазифа рафтааст, балки аз ғаму ғусса растааст!

Дигар “бузургон” низ бо ваҷоҳати тинҷу лабони инҷ сар меҷунбониданд…

Ба соддагии худ пиндоштам, ки самимӣ ҳарф мезананд, хеле мутаассир шудам ва хостам аз забони лол чанд ҳарфи меҳр барорам ва ба хушнудиашон дасти дуо бардорам.

Гуфтам:

— Сипосҳо нисоратон, дӯстони гиромӣ. Чун аз ҳоли ман хушнуд шудед, дарёфтам, ки дӯсти ҳақиқӣ будед! Худованди бузург шуморо низ ба зудӣ ба ин рӯзҳо расонад ва соате аз ин амали хайр дер намонад…

Дар лаҳзае авзошон тағйир кард, чеҳраҳои шукуфта дурушт ва панҷаҳои ба оғӯш омода мушт шуданд. Нафаре, ки ба мансаб баландтар буд, ба шаст гуфт:

— Ҳеъ “дуои хайрат”-ро аз даҳонат шамол барад! Насиби худат бод ҳар чӣ бигзашт аз сарат!

Дигар ёрон низ ранҷур шуданд ва бо сари хам зери лаб надоматкунон аз наздам дур шуданд…

То ҳанӯз ғарқи водии ҳайратам… Дар дуои самимии банда чӣ асрор буд, ки “дӯстон” муҳаббатро ба зудӣ ба кина омехтанд ва аспи ҷаҳлро маҳмез заданду аз ман бигрехтанд?…

Бахтиёр ҲАМДАМОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *