Дуои падари Озарахш (видео)
Дар Интернет сабти дуои Ҳоҷӣ Тағобойи Карим, падар ва падарарӯси шоирони шинохтаи тоҷик Озарахш ва Фарзона нашр шудааст.
Озарахш ва Фарзона як ҳафта боз дар бемористони «Шайх Бурҳон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти табобат ва карантин қарор доранд ва табибон ба касе иҷозати аёдати онҳоро намедиҳанд. Падари Озарахш дуояшро бо талаби шифои фарзандонаш ба номи Худо оғоз ва бо як шеъри писараш Озарахш давом медиҳад:
Мардумон, бар худ биоед, аз Худо хоҳиш кунем!
Ҳамнаво нолон шавему ҳамсадо хоҳиш кунем!
Ибтидову интиҳои зиндагӣ дар дасти Ӯст!
Интиҳоро ёд орем, ибтидо хоҳиш кунем!
Ҳоҷӣ Тағобойи Карим дуояшро бо як пора аз шеъри тозаи Фарзона, ки дар мавзӯи коронавирус навиштааст, анҷом медиҳад:
Худоҷон, аз бало моро нигаҳ дор,
Замину осмонҳоро нигаҳ дор.
Ман ин ҷову ҷигарбанди ман он ҷост,
Ту ин ҷорову он ҷоро нигаҳ дор.
Фарзона ва Озарахш ахиран дар мавзӯи коронавирус ду шеъри баланде нашр карданд. Бехабар аз онки худашон рӯи кати беморӣ меафтанд…
Ба ҳарду Шоири маҳбуб шифои комилу оҷил металабем!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ