Дуои Пешво мустаҷоб аст

Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллати тоҷик имрӯз зодрӯз доранд. 

Президент дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб  оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карданд  ва  тибқи иттилои дафтари матбуоти Роҳбари давлат , барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми кишвар, ободии ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек намудаанд.
Тавре,ки гузаштагонамон мегуфтанд ва олимони фақеҳ башорат медиҳанд, дуои Сарвари Давлат ҳамеша мустаҷоб аст ва умедвории мардум ба боз ҳам бештар гардидани ободӣ ва пешравӣ  дар кишвар рӯз то рӯз қавӣ мегардад. Сокинони кишвар низ  дар рӯзи мавлуди Пешвои Миллат  ба худи  он кас саломатии бардавом ва дар иҷрои вазифаи мушкилашон   муваффақият мехоҳанд. Сомонаи “Тоҷикистон таймс” ба ин таманниёт бо ҷамъи хонандагонаш шарик аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *