Дурӯғу рости сӯзонидани Қуръон

Шветсия Русияро дар паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи сӯзонидани Қуръон айбдор мекунад.

— Шветсия Русияро дар роҳандозии як маъракаи маълумоти бардурӯғ дар бораи сӯзонидани Қуръон муттаҳам кард,- хабар медиҳад рӯзномаи бритониёии The Guardian.

Тахмин карда мешавад, ки мақсади асосии ин маърака боздоштани вуруди Шветсия ба НАТО буд, чун қабули Шветсия ба ин созмон то ҳол аз ҷониби Туркия ва Венгрия тасдиқ нашудааст.

Оҷонсии дифои равонии Шветсия, ки бахше аз Вазорати дифоъ аст, гуфтааст, расонаҳои давлатии Русия RT ва Sputnik маводеро бо забони арабӣ паҳн мекунанд, ки гӯё Ҳукумати Шветсия аз сӯзонидани китоби муқаддаси мусалмонон ҳимоят мекунад. Аз охири моҳи июн то кунун ҳудуди як миллион чунин нашрияҳо ба арабӣ ва дигар забонҳо паҳн шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *