Дурӯғ ҳам ҷавобгарӣ дорад…
Синни ман аз 90 убур кардааст. Аммо дар охири умр, зиндагии осударо дарёфт карда натавониста истодаам. Марҳум шавҳарам Маҷид Наимов дар қитъаи заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Очабурӣ Муминоваи деҳаи Сор як манзили истиқоматиро бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда сохтанд. Баъди вафоти он кас писарам Довуд аз ҳамсари худ Шукурова Аниса ҷудо шуд ва манзили ороми маро ба ғурбатхона табдил доданд. Собиқ келинам Аниса ба суд бо даъво оиди маскун намудани ӯ ва кӯдаконаш ба манзили истиқоматие, ки аз шавҳарам мерос монда буд, муроҷиат намуд ва бо ҳалномаи суд даъвои ӯ қаноатбахш карда шуд ва ӯро бо кӯдаконаш оварда, ба манзили истиқоматии мо маскун карданд. Азбаски писарам оилаи нав барпо карда буд, барои он ки ҷанҷол нашавад ва такроран оилаи дуюми писарам вайрон нашавад, Довуд дар назди судиҷрочиҳо уҳдадор шуд, ки барои собиқ ҳамсараш ва 4 нафар фарзандаш аз ҳудуди заминҳои деҳаи Сор, баъди ҷудо кардани қитъаи замин манзили истиқоматӣ сохта медиҳад. Аниса ба ин таклиф розӣ шуда, хоҳиш намуд, ки ба ӯ иҷозат диҳем то сохта шудани манзили истиқоматӣ муваққатан дар манзили худсарона сохтаи шавҳарам зиндагӣ кунад. Писарам Довуд ба Шукурова ва кӯдаконаш манзили дуҳуҷрагӣ бо иншооти ёрирасонаш сохта дод. Дар байн кормандони кумитаи замини шаҳри Панҷакент омада, хонаи худсохти шавҳарамро санҷида, барои худсарона сохтани манзил маро ба маблағи 400 сомонӣ ҷаримабандӣ намуданд. Ман маҷбур маблағи ҷаримаро аз ҳисоби музди нафақаам пардохт намудам.
Баъди сохта шудани манзили истиқоматии қонунӣ хостам, ки собиқ келинамро бо кӯдаконаш ба манзили нав, хонаи худсарона сохтаро вайрон карда, заминро ба ҳолати аввала баргардонам. Аммо ҳолати кор баръакс шуд ва Аниса аз холӣ кардани он саркашӣ намуд. Ба суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, ки он вақт як нафар набераам дар хизмати ҳарбӣ буд, бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намудам. Ҳарчанд суд даъвои маро рад намуд, аммо барои бартараф намудани камбудиҳо, яъне ба ҳолати аввала овардани қитъаи замин ба прокуратураи шаҳри Панҷакент барои чораҷӯи ирсол гардид. 17 августи соли гузашта қарори раиси шаҳри Панҷакент оиди ба ҳолати аввала баргардондани сохтмони худсарона сохташуда бармад. Аммо аз сабаби он ки то ҳол дар ин манзил Аниса ғайриқонунӣ зиндагонӣ карда истодааст, мо натавонистем ва барои иҷрои ин қарор масъулони шаҳри Панҷакент низ коре накарданд.
Ҳар боре, ки ба мақомоти дахлдор муроҷиат менамоям, ба ман ҷавобҳои рӯякӣ медиҳанд. Охирон маротиба раиси шаҳр И. Зиёзода ба муовини худ Маҳбуба Ҳабибӣ супориш доданд, ки санҷиш гузаронида, чораҷӯӣ намояд. Ҳабибӣ баъди гузаронидани санҷиш баръало тарафи собиқ келинамро гирифта, тавассути телевизиони «Симо»-и Панҷакент барнома пахш намудааст, ки гӯё писарам Наимов Довуд собиқ ҳамсараш Шукурова Анисаро зери азобу шиканҷа қарор дода, онҳоро аз манзили истиқоматиашон бароварда, пеш карда истода бошад. Ӯ бо ин кирдори худ шаъну шарафи писари маро дар байни ҷомеа паст зад. Вақте ки мо ба муовини раис фаҳмонидем, ки ба Аниса аз рӯи талаботи қонун замин ҷудо шуда, манзили дуҳуҷрагӣ сохта шудааст, ӯ изҳор намуд, дар ҳудуде, ки манзили истиқоматӣ сохтаед, шароит зиндагонӣ вуҷуд надорад. Аммо он ҷо аллакай қариб 20 оила зиндагӣ мекунад. Дар мавриди ноболиғии фарзандони Аниса низ дурӯғ гуфтааст. Айни замон се фарзанди писарам ба синни балоғат расида, аллакай метавонанд дорои манзили истиқоматии худ бошанд. Магар чунин дурӯғгӯӣ ҷавобгарӣ надорад?
Гулбону Алиева,
модари 90-сола аз Панҷакент
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ