«Дурахши меҳр»-и Махсум Олимӣ
Пагоҳ, 5 октябри соли 2016соати дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев маҳфили шеъру суруди таҳти унвони “Дурахши меҳр” баргузор мегардад.
Маҳфил ба гиромидошти 60-солагии шоири шодравон Махсум Олимӣ баргузор мегардад.
Дар маҳфил Ҳунарпешаи мардумии кишвар Хосияти Зарафшонӣ, шоирону рӯзноманигорон, мухлисону ҳаводорони осори шоир иштирок хоҳанд кард.
Махсум Олимӣ зодаи деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ буда ба шеъргӯӣ соли 1973 сар кардааст. Нахустин шеъри ӯ бо номи «Модар» дар рӯзномаи ноҳиявии «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ соли 1975 рӯи чоп омадааст. Шеърҳои ӯ ба забонҳои русӣ, украинӣ, озарӣ, ӯзбекӣ, чувашӣ, болқарӣ, лагзӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ