Дурнамои тиҷорати Тоҷикистону Покистон: солона 500 миллион доллар
Ҳайатҳои Тоҷикистону Покистон дар як нишаст дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон роҳҳои тавсеъи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва дастёбӣ ба табодули мол солиёна ба миқдори 500 миллион доллари амрикоӣ дар як солро баррасӣ кардаанд.
Бино ба гузориши нашрияи покистонии The Nation, ҳайати 18 нафарии ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии Файзалӣ Раҷабов, раиси Идораи бахши хусусии Тоҷикистон бо Миан Кашиф Ашфақ, Раиси кулли Шӯрои тиҷоратии Покистон масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибат тиҷоратӣ ва ҷалби сармояи Покистон ба иқтисоди Тоҷикистонро матраҳ кардааст.
Дар нишаст таъкид шудааст, ки барои солиёна то 500 миллион доллар боло бурдани табодули мол миёни ин ду кишвар имконот ва шароити мусоид вуҷуд дорад.
Ҷониби Покистон гуфтааст, ки омода аст дар бахшҳои энерҷӣ, тиҷорат, пахта, истеҳсоли матоъ, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Тоҷикистон густариш диҳад.
Аз ҷумла, Покистон метавонад ба Тоҷикистон мебел, шакар, маҳсулоти нассоҷӣ, семент, молҳои варзишӣ, асбобҳои тиббӣ, дору ва чарм содир кунад.
Имрон Хон, нахуствазири Покистон Тоҷикистонро барои Покистон “дарвозае барои дастрасӣ ба бозори азими Осиёи Марказӣ” унвон карда ва гуфтааст, кишвараш аз сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба тиҷоратӣ бо ин кишвар алоқаманд аст.
Бино ба иттилои Вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон феълан мизони гардиши мол миёни Покистон ва Тоҷикистон солиёна ҳудуди 100 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, Тоҷикистон дар доираи тарҳи КАСА-1000 ҳамкориҳои муфиду созанда дорад.
Тибқи ин тарҳ неруи энерҷӣ азТоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ