Дурри Дурдона

Моҳи октябри соли 2017 иштирокчии курс-конфронси ҷумҳуриявии адибони ҷавон дар шаҳри Хуҷанд буда, барои ба узвияти ИНТ пазируфтан тавсия шуд. Соли 2013 китоби нахустинаш «Дурри Дурдона» тариқи нашриёти «Истиқбол» ба нашр расид, ки худ онро наққошӣ кардааст.

Дурдонаи Зафар 26 декабри соли 1997 дар деҳаи Файзободи ноҳия Деваштич таваллуд ёфтааст. Имсол Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро хатм намуд.

Моҳи октябри соли 2017 иштирокчии курс-конфронси ҷумҳуриявии адибони ҷавон дар шаҳри Хуҷанд буда, барои ба узвияти ИНТ пазируфтан тавсия шуд. Соли 2013 китоби нахустинаш «Дурри Дурдона» тариқи нашриёти «Истиқбол» ба нашр расид, ки худ онро наққошӣ кардааст.

Китоби дуюмаш «Дарахти зиндагӣ»-ро Хазинаи Оғохони IV соли 2015 ба чоп расонид. Китоби дигараш «Сангпуштак» бо ороиши худаш ба наздикӣ ба дасти хонандагон мерасад.

ШОДӢ

Рӯи дастархон,

Мева фаровон.

Себаки банур,

Хӯшаи ангур.

Шафтолуи пок,

Хушмазза ҳар нок.

Бӯйи гули ёс,

Дар бӯи гелос.

Ин меваборон,

Ҳам шодии он.

Як рӯзакак буд,

Дар рӯзи мавлуд!

Борони баҳор

Борон борад

Сим-сим.

Нағмаякаш

Зим-зим.

Форам резад

Рӯйи гул,

Пошад ҳар сӯ

Бӯйи гул.

Долу дарахту

Бутта

Аз ӯ шавад

Олуфта.

АККАДУМДАРОЗ

Аккадумдароз,

Аккадумдароз.

Медонӣ чаро

Думакат дароз?

Барои он ки

Чун ҳавопаймо,

Маро шинонӣ

Парӣ ба само.

Барӣ ба деҳа

Хонаи бобам,

Фарорӣ маро

Ба рӯяки бом.

Бар шодиёна

Дидӣ, ки бобом

Медиҳад ба ту

Як халта бодом!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *