Душанбе: Ҷасади мардеро аз канали Ҳазора берун оварданд (аудио)

Дар яке аз каналҳои шаҳри Душанбе мардеро мурда ёфтаанд. Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади ӯро аз миёни об берун овардаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, ин ҳодиса 22-юми ноябри соли равон рух додааст.

— Навбатдори фаврии Шуъбаи корҳои дохилиии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба Қисми навбатдории КҲФ занг зад ва хабар дод, ки дар канали Ҳазораи шаҳр, ки аз қаламрави бозори “Меҳргон” убур мекунад, ҷасади марди ношиносе намудор шудааст. Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд. Онҳо ҷасади ин мардро, ки тахминан 40-45-сола мебошад, аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки таҳқиқи ҳуввияти марди ғарқшуда ва сабаби марги ӯ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *