Душанбе: 2 маркази дилхуширо бастанд
Мақомоти сӯхторнишонии Тоҷикистон дар ҷараёни як санҷиш фаъолияти боз ду маркази бозиҳои компютериро дар шаҳри Душанбе муваққатан боздошта, се корманди марказҳоои компютериву букмекериро ба далели риоя накардани қоидаҳои зидди сӯхтор ҷарима бастаанд.
Сарраёсати сӯхторнишонии вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки рӯзи 4 апрел фаъолияти идораҳои букмекерӣ дар ҳудуди бозорҳои «Ганҷина” ва «Панҷшер” ва 13 маркази дигари дилхушӣ дар шаҳри Душанбе мавридҳои «дидаю дониста ва мунтазам вайрон кардани талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор”-ро ошкор кардааст.
Дар ҷараёни ин санҷиш се корманди марказҳои дилхушӣ ба маблағи 750 сомонӣ ҷарима баста шуда, «инчунин 2 маркази бозиҳои компютерӣ муваққатан боздошта шуд.”
Мақомоти сӯхторнишонӣ дар баробари санҷидани қоидаҳои зиддисӯхтор «таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро аз ҳадафҳои дигари ин санҷиш ном бурда, мегӯянд, дар марказҳои дилхушию бозиҳои компютерӣ ва идораҳои букмекерӣ «аксар вақт мактаббачагону наврасон вақти зиёди худро ба бозиҳои характери зуроваридошта ва дигар бозиҳои беҳудаи зараровар сарф менамоянд.”
Дар ин авохир вазорати дохила дар марказҳои дилхушӣ дар пойтахти Тоҷикистон як силсила рейдҳову санҷишҳо анҷом додааст. Вазорати умури дохила дар ибтидои моҳи март хабар дод, ки дар ҷараёни ин рейдҳо фаъолияти чандин маркази букмекерӣ ба далели риоя накардани қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор муваққат баоздошта шуд.
Ин вазорат ҳамин тавр, дар поёни моҳи феврал гуфт, дар ҷараёни рейдҳояш ҳар шаб дар марказҳои бозиҳои компутерии Душанбе то 100 ҷавон дастгир мешаванд. Вазорати дохила волидонро ҳушдор дод, ки аз рафтани фарзандони худ ба марказҳои дилхушӣ дар соатҳои шабона пешгирӣ кунанд, чунки бар асоси қонуни масъулияти падару модар шабона ба чунин марказҳо рафтани афроди то синни 20 манъ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ