Душанбе: Ҷаримаи калон барои батареяҳои гармидиҳӣ
Мақомоти шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро ҳушдор додаанд, ки агар то 14 сентябри соли ҷорӣ батареяҳои гармидиҳиро дар хонаҳои худ барқарор накунанд, барои камбуди ҳатто як батарея ҷарима баста мешаванд. Пули нирӯи барқ аз чунин манзилҳои низ бо нархи се маротиба зиёдтар ситонида хоҳад шуд.
Азиз Зикриёев дар саҳифаи «Мо ° Тоҷикистониён° дар шабакаи Фейсбук акси эълонеро нашр кардааст, ки аз ҷониби маъмурияти муассисаи минтақавии «ИХФМ°-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе навишта шудааст.
Дар ин эълон гуфта мешавад, ки тибқи супориши протоколии раиси шаҳри Душанбе аз 4 сентябр, мӯҳлати охирини васл кардани батареяҳо то 14 сентбри соли ҷорӣ муқаррар шудааст: «Бино бар ин аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар мӯҳлати муайянгардида ҳуҷраҳои хонаатонро ба пуррагӣ бо батареяҳо таъмин намоед.°
Ба ин далел дар ин эълон сокинонро ҳушдор медиҳанд, ки агар то 14 сентябри соли ҷорӣ батареяҳои гармидиҳии хонаҳои худро барқарор накунанд ва ба шабакаи гармидиҳӣ васл накунанд, баъди рӯзи панҷшанбе мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хона ба хона гашта, соҳибони манзилҳоеро, ки ҳатто агар як батареяро «сарфа° карда бошанд, ба маблағи калон ҷарима хоҳанд баст.
Дар эълон ҳамчунин сокинонро ҳушдор додаанд, ки пули нирӯи барқ аз манзилҳое, ки ба шабакаи гармидиҳӣ васл нашудаанд, бо категорияи 3, яъне бо нархи 3 маротиба зиёдтар ситонда мешавад: «Аз 15.09.2017 рейд аз тарафи вазорати энергетика ва органҳои ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешавад. Дар ҳолати надоштани ҳатто як батарея ҷаримабандӣ ба маблағи калон пешбинӣ шудааст. Бар замми ин пардохти маблағи истифодаи барқ бо категорияи 3, яъне 3 маротиба зиёд ҳисоб карда мешавад. Аз Шумо хоҳиш дорем, аз фурсати муносиб истифода бурда, ба буҷаи оилаатон зарар ворид насозед.°
Матни пурраи эълони «ИХФМ°-и ноҳияи Синои шаҳри Душанберо метавонед дар ин акс бубинед:
Баъди ба кор даромадани Маркази барқу гармидиҳӣ- 2 (ТЕЦ-2), ки бо сармояи Чин сохта шуд, шаҳрдории Душанбе билохира баъди беш аз 20 сол имкон пайдо кард, ки манзилҳои сокинони пойтахтро бо оби гарм ва гармӣ таъмин кунад.
Ба ин далел, аз тамоми сокинон, ки ба сабаби кор накардани шабакаи гармидиҳӣ батареяҳои худро канда буданд, тақозо шуд, то батареяҳои гармидиҳиро дар манзилҳои худ барқарор карда, ба шабакаи гармидиҳӣ васл кунанд.
Иҷрои ин раванд ба далели теъдоди зиёди манзилҳое, ки бояд дубора ба шабакаи гармидиҳӣ васл карда шаванд, алакай чанд дафъа ба қафо андохта шуд. Вале шаҳрдории Душанбе ин дафъа 14 сентябрро ҳамчун мӯҳлати ниҳоӣ барои ин барнома муқаррар кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ