Душанбе аз рӯйи омори таваллуд дар Тоҷикистон пешсаф аст

Душанбе аз рӯи шумораи таваллуд дар Тоҷикистон пешсаф шудааст. Дар ин бора Агентии омори кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, шумори аҳолӣ дар соли 2023 дар Тоҷикистон 2% афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, бо назардошти бақайдгирии таваллуд, фавт ва муҳоҷират теъдоди аҳолӣ то 1 январи соли 2024, беш аз 10 миллионро ташкил додааст.
Афзоиши аҳолӣ, тибқи маълумоти пешакӣ, дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 нисбат ба соли 2022 – 3,9 фоиз афзудааст.
Бояд гуфт, ки афзоиши бақайдгирии таваллуд дар ҳамаи минтақаҳо ба ғайр аз ВМКБ мушоҳида мешавад.
Ҳамин тариқ, давоми як соли охир бақайдгирии таваллуд дар вилояти Хатлон 5,5 фоиз, Суғд 2,8 фоиз, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2,3 фоиз ва шаҳри Душанбе 7,4 фоиз ва афзудааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *