Душанбе ба ҷанговарон 81 ҳазор доллар медиҳад

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дастур додааст, ки барои иштирокчиёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон, собиқадорони ҷанги Афғонистон ва маъюбони садамаи Чернобил 720 ҳазор сомонӣ ё 81 ҳазор доллар маблағ ҷудо карда шавад. Дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе мегӯяд, аз ин маблағ ба ҳар иштирокчии Ҷанги Дувуми Ҷаҳон 1500 сомонӣ дода шавад.

Ба қавли манбаъ, инчунин шахсоне, ки дар ақибгоҳи Ҷанги Дувуми Ҷаҳон кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон, маъюбони садамаи Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, 800 сомонӣ маблағ мегиранд.

Рустами Эмомалӣ муовинони худро вазифадор кардааст, ки ба аёдати иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Дувуми Ҷаҳон рафта, аз номи шаҳрдорӣ бо тантана ба онҳо маблағи ҷудошударо супоранд.

Мақомоти шаҳрдори Душанбе мегӯянд, феълан дар шаҳри Душанбе 44 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Дувуми Ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. Инчунин ба як ҳамсари иштирокчии ин ҷанг низ 1500 сомонӣ дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *