Душанбе ба “Меҳргон” тайёрӣ мебинад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили иди Меҳргон дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ин тадбир бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию бадеӣ ва фарҳангӣ таҷлил намудани иди Меҳргон амалӣ мегардад.
Тибқи қарори мазкур, масъулин вазифадор гардидаанд, ки иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 15 октябр дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад. Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон ба шумор рафта, дар радифи пуршукўҳтарин ҷашнҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дорад, ки аз замони дуродури таърих сарчашма мегирад. Ин ид дар қатори Садаю Наврўз дар силсилаи идҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии аҷдодонамон аз ҳалқаҳоест, ки онро кишоварзон дар ҷамъбасти ҳосили бо ранҷ парваридаи хеш таҷлил менамуданд.
Иди Меҳргон ба монанди иди Наврўз таҷассумгари суннатҳои он зинаи инкишофи тамаддуни башарист, ки кулли инсоният онро дар давраҳои гуногун тай намудааст. Аз ин лиҳоз, бисёре аз суннатҳои ин идҳоро одамон бо ҳусни тафоҳум қабул доранд ва онро ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ меҳисобанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ