Душанбе: Баргузории машварати сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Германия
Машваратҳои сиёсии навбатӣмиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федералии Германия таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон МузаффарҲусейнзода ва Ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Германия оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи МарказӣМихаел Зиберт 12 декабр дар Душанбе баргузор гардиданд.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни муколама маҷмӯи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Германия дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, сайёҳӣ ва амниятӣ, инчунин ҳамкории самарабахши ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо оид ба тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ, густариши ҳамкории манфиатовар дар чаҳорчӯби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ гуфтугӯи судманд намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ