Душанбе: Баргузории намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии «Тоҷикистон-2018»

Пагоҳ дар  Душанбе намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии универсалии   оғоз меёбад. Намоишгоҳи мазкур бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, то 31 марти соли равон  дар  Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» -и Душанбе идома меёбад.

Аз Палатаи савдо  ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, ки  дар намоишгоҳ ширкатҳои бонуфузи ватанию хориҷӣ иштирок намуда, маҳсулоти худро дар  бахшҳои сохтмон, энергетика, таҷҳизоти соҳаи кӯҳканӣ, металлургӣ, саноати кимиё, соҳаҳои  кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук,  сайёҳӣ, ҳунармандӣ, таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, сармоягузорӣ ва ғайра муаррифӣ менамоянд.

Интизор меравад, ки дар доираи намоишгоҳ ҳамоиши доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ баргузор гардида, дар он масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории тоҷирону соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои хориҷи дуру наздик матраҳ шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *