Душанбе: Баргузории семинар дар доираи лоиҳаи ТТКТО

Барои татбиқи лоиҳа дар 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 5 филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва 2 филиали Маркази касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ аз рӯйи 17 ихтисос синфхонаҳои таълимӣ ва устохонаҳо таъмир карда шуда,

Дар бинои Душанбе Плазаи шаҳри Душанбе  дар доираи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» (ТТКТО)-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари миёнамуҳлат/ибтидоӣ баргузор гардид.  Ҳадафи семинар шарҳи рафти амалигардонии лоиҳаи ТТКТО дар давраи татбиқ ва муаррифии лоиҳаи нави “Барномаи рушди бахши малакаҳои касбӣ ва рақобатпазирӣ” мебошад.

Дар семинари мазкур Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва дигар масъулони   вазорат, намояндагони Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ, директорони литсейҳои ҳадафии лоиҳа ва шарикони рушд иштирок доштанд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода дар оғози суханронии хеш ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Наврӯз табрик гуфта, дар рафти суҳбати хеш қайд кард, ки омода намудани захираҳои меҳнатии баландихтисос  яке аз  самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба паст кардани  сатҳи  камбизоатӣ,  шиддатнокӣ дар бозори меҳнат  ва кам  намудани осебпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон аз омилҳои  беруна  мусоидат хоҳанд намуд.

Лоиҳаи ТТКТО дар асоси  созишномаҳо байни Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии  Рушд аз соли 2016 амалӣ мешавад. Лоиҳаи мазкур бо принсипҳои  сиёсати давлатии  Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи  то соли 2030 дарҷгардида мувофиқ буда, баҳри амалӣ гардидани он  мусоидат менамояд.  Бо такя ба Стратегияи  миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 татбиқи лоиҳа ба ҳалли масъалаҳои  модернизатсияи методологияи таълимӣ дар литсейҳои  касбии техникӣ  тавассути истифодаи стандартҳо барои ҳар як касб ва барномаҳои таълимӣ дар асоси  салоҳият равона шуда, омодасозии кадрҳоро барои панҷ соҳаи афзалиятноки иқтисоди кишвар, аз  ҷумла сохтмон, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия амалӣ хоҳад намуд.

Барои татбиқи лоиҳа дар 21 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 5 филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва 2 филиали Маркази касбомӯзӣ ва  соҳибкорӣ  аз рӯйи 17 ихтисос  синфхонаҳои таълимӣ ва устохонаҳо таъмир карда шуда,  бо таҷҳизоти  замонавӣ ва ашёҳои аёнии таълимӣ муҷаҳҳаз мегарданд. Ҳамзамон биноҳои хобгоҳи хонандагон низ таъмиру тармим гардида, барои зисти онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.

Мақсади дигари баргузории семинар ин муаррифии лоиҳаи “Барномаи рушди бахши малакаҳо ва рақобатпазирӣ” мебошад. Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки иқтидори кории ҷавонон ва занон дар Тоҷикистон зиёд карда шавад. Баланд бардоштани малака ва рақобатпазирии қувваи корӣ барои таъмини рушди ҳамаҷонибаи кишвар муҳим аст. Барномаи пешниҳодшуда бахши малакаи касбиро бо роҳҳои тақвияти дастрасии қишрҳои осебпазири аҳолӣ ба омӯзиши малакаҳои касбӣ, таъмини омодасозии саривақтӣ ва босифати кадрҳо, таҳия ва ташкили консепсияи нави “Маркази шуғли аҳолӣ” – ҳамчун платформаи ягона, дастгирӣ менамояд.

Боис ба ёдоварист, ки омода намудани захираҳои меҳнатии баландихтисос яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, шиддатнокӣ дар бозори меҳнат ва кам намудани осебпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон аз омилҳои беруна мусоидат хоҳад намуд. Қобили тазаккур аст, ки ба ин масъалаҳо дар Стратегияи милли рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 афзалиятҳо дода шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии мамлакатро яке аз самтҳои стратегии тараққиёти давлат муаррифӣ намуд, ки омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди малакаҳо яке аз роҳҳои асосии расидан ба ин ҳадаф мебошад. Метавон гуфт, ки лоиҳаи дуюми Бонки Осиёии Рушд барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *