Душанбе: Баргузории ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти арзон
Шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки рӯзҳои 16-17 ноябр дар бозорҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар «Саховат”, «Меҳргон”, «Қарияи Боло” ва «Ховарон” ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз минтақаҳои гуногун доир мешавад. Намояндаи шаҳрдорӣ гуфт, ин ярмаркаҳо дар Рӯзи президент ва рӯзи ба кор андохтани чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун «бо мақсади фаровонии маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинони пойтахт» доир карда шуда, дар он меваву сабзавот ба сокинон бо нархи аз бозор хеле арзонтар пешниҳод гардонда мешавад.
Ҳукумати шаҳри Душанбе дар сомонаи расмиаш эълон кард, ки рӯзҳои 16-17 ноябр дар бозорҳои пойтахт «бо мақсади фаровонии маҳсулот дар бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони сокинони пойтахт» ярмаркаҳҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир карда мешавад. Дар гузориш гуфта мешавад, ки ярмарка асосан дар 4 бозори «Саховат”, «Меҳргон”, «Қарияи Боло” ва «Ховарон” баргузор карда мешавад: «Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар ҳамаи бозорҳои шаҳр, вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ дар КВД «Бозори Саховат», Вилояти Суғд, шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав дар КВД «Бозори Меҳргон», шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Файзободу Лахш дар Бозори «Қарияи боло» ва ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Нуробод дар бозори «Ховарон» ташкил гардида, дар онҳо маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешаванд.”
Бознашр аз Ахбор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ