Душанбе чанд рӯз бе об мемонад. Захира кунед!
Мақомоти шаҳрдории Душанбе сокинони пойтахтро аз қатъи шабонарӯзии интиқоли оби нӯшокӣ ба чанде аз маҳаллаҳои шаҳр рӯзҳои 10 ва 17 август огоҳ мекунад.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмир дар шабакаҳои обтаъминукунӣ дар кӯчаи Гагарини ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз соати 08:00-и рӯзи 10 август то соати 08:00-и рӯзи 11 август интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва Навободи поён, Буни Ҳисорак, Лучоби боло ва Лучоби поён, Қазоқон, Испечак 1, 2, 3, Ҳаёти нав, шаҳракҳои 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон-1, Зарафшон-2 ва гузари Муҳандис муддати 1 шабонарӯз муваққатан қатъ мегардад.
Рӯзҳои 17 ва 18 август қатъи шабонарӯзии интиқоли оби нӯшокӣ ба кӯчаҳои Фирӯз, С.Ғанӣ, Варзоб-ГЭС-и поён, Ҳ.Ҳакимзода (аз кӯчаи Гагарин то кӯчаи Ғ.Абдулло), биноҳои беморхонаи ҳукуматӣ, беморхонаи №5, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино, Сафоратхонаи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии илмии боғи марказии ботаникии «Ирам» дар назар дошта шудааст.
Аз сокинони кӯчаҳою маҳаллаҳои зикргардида хоҳиш карда шудааст, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд. Ҳамчунин раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва директори КВД «Обу корези Душанбе» муваззаф шудаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ