Душанбе-Чаноқ баста намешавад. Чаро нархи роҳкиро боло рафт?

Роҳи мошингарди  Душанбе-Чаноқ, ки маркази пойтахтро бо шимоли  Тоҷикистон мепайвад, боз аст. Ҳоло дар рафтуомади нақлиёт дар ин масир ягон монеа нест.

Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Pressa.tj  хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, айни замон ҳаракати нақлиёт аз тарафи пойтахт ба тамоми манотиқи кишвар таъмин мебошад.   “Ҳоло дар Тоҷикистон карантин ҳам эълон нашудааст. Аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар мавриди бастани роҳҳо ҳеҷ дастуре нашудааст. Роҳҳо боз ҳастанд. Мардум набояд ба таҳлука афтанд ва ронандагон ҳам аз пеши худ нархи роҳкиро баланд набардоранд”- гуфт, манбаи Pressa.tj  аз вазорати нақлиёт.

Имрӯз дар робита ба пайдо шудани коронавирус дар Тоҷикистон, ронандагон нархи роҳкиро баланд бардоштаанд. Мусофирон мегӯянд, дар муқоиса ба дирӯз ронанадагон  аз пеши худ нархи роҳкироро аз Душанбе ба минтақаи Кӯлоб як баробар боло бардоштаанд.  Айнан ҳамин ҳолат дар масири Душанде-Хуҷанд ва Душанбе-Панҷакент ба мушоҳида мерасад. Асосан, имрӯз донишҷӯён баъди эълони таътил талош доранд, ки тарки Душанбе кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *