Dushanbe city чаро мардумро сарсон мекунад? (аудио)
Имрӯзҳо низоми нави корти Dushanbe city сокинонро нигарон кардааст. Мардум аз банкоматҳои шаҳр наметавонанд маблағи даркории худро гиранд. Сари ҳар қадам дар истгоҳҳои пойтахт банкоматҳои корти Dushanbe city насб карда шудааст, вале маблағ надоранд.
Шоми дирӯз барои гирифтани маблағ ба назди банкомати истгоҳи беморхонаи “Қарияи Боло”, маҳаллаи “Зарафшон”, истгоҳи “Иттифоқи нависандагон”, истгоҳи маркази савдои “Тоҷикистон” омадам, вале аз ин терминалҳо ягонтояш маблағ надоранд.
Ягона умедам банкомати истгоҳи “Шаҳраки донишҷӯён” буд, вале мутаассифона, ин ҷо низ маблағ надошт.
Тӯдаи мардум дар навбат буданд барои гирифтани маблағ, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо наметавонанд маблағ гиранд. Вақте аз масъули банкомати назди истгоҳи маркази савдои “Тоҷикистон” пурсон шудам, ки “чаро терминали мазкур маблағ надорад?”, чунин ҷавоб гирифтам:
— Чанд муддат дар банкоматҳо маблағ намешавад, танҳо метавонед аз банкоматҳои бинои асосии Dushanbe city дар кӯчаи Соҳилӣ, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ маблағ гиред.
Аммо вақте ба ин ҷо меоед, тарбуз аз бағалатон меафтад. Бегоҳи дирӯз, 24-уми апрел шоҳид шудем, ки аз ду банкомати назди Соҳилӣ ягонтояш пул надоштанд. Аҷиб, чаро? Масъулини ин бонк барои чӣ мардумро сарсон мекунанд? Агар касе бемор бошад, ё эҳтиёҷе дошта бошад, дилпур ба назди банкоматҳои Dushanbe city ояд, аммо пул пайдо накунад, ҳолаш чӣ мешавад?
Интизори посухи масъулини ин бонк ҳастем!
У. ҚУТБИДДИНЗОДА, сокини шаҳри Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ