Душанбе дар мақоми аввал
Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи соли равон ба 20,7 млрд сомонӣ расонида шудааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 млрд ё 10,3% зиёд мебошад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вазир, ин нишондод байни кишварҳои ИДМ яке аз нишондодҳои болотарин аст. Ҳоло ҷониби Тоҷикистон ният дорад, ки то охири сол нишондодҳои саноатиро ба 118%, яъне 47 млрд сомонӣ расонад. Ба таъкиди Шералӣ Кабир, яке аз нишондодҳои беҳтарин дар соҳаи саноат нишондодҳои шаҳри Душанбе — 121,1% мебошад. Сипас, дар ин феҳрист вилояти Хатлон — 112%, Суғд — 111%, ВМКБ — 98% ва НТҶ — 94% қарор гирифтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар қаламрави Тоҷикистон 3243 корхона ба қайд гирифта шуда, нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 764 корхона бештар мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ