Душанбе дар Наврӯз мизбони мусобиқаи байналмилалӣ мешавад

Аз 17 то 22-юми марти соли 2022 ба ифтихори Иди Наврӯз дар шаҳри Душанбе Чемпионати кураши Осиё ва Чемпионати байналмилалии куштӣ барои дарёфти Ҷоми Пойтахт баргузор мешавад.

Чемпионати кураши Осиё дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ ва Чемпионати 3-юми байналмилалии куштӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор мешаванд.

Куштӣ дар 5 вазн (-60 кг, -70 кг, -80 кг, -90 кг, +90 кг) миёни мардон ва 3 вазн (-52 кг, -70 кг, -87 кг) миёни бонувон доир мегардад.

Ғолибон миёни мардҳо бо шоҳҷоиза, ки автомобили сабукрав аст, қадрдонӣ мешаванд. Ҷоизадорон миёни мардҳо ва ғолибону ҷоизадорон миёни бонувон бо ҷоизапулӣ сарфароз хоҳанд шуд. Миёни мардҳо барандагони медали нуқра 38646 сомонӣ, барандагони медали биринҷӣ 12882 сомонӣ, миёни бонувон барандагони медали тило 38646 сомонӣ, барандагони медали нуқра 25764 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ 12882 сомонӣ дарёфт мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *