Душанбе: «Дав барои хушҳолӣ» баргузор гардид

Имрӯз дар Боғи фарҳагӣ-фароғатии «Ҷавонон» зери шиори «Неруи осиё» чорабинии варзишии «Дав барои хушҳолӣ» баргузор гардид.
Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии мазкур бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он  зиёда аз якуним ҳазор ҷавонону варзишгарон, намояндагони Шӯрои олимпии Осиё ва Кумитаи тадорукоти Бозиҳои Осиё-2018 иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки чорабинии варзишии «Дав барои хушҳолӣ» аз соли 2006 инҷониб таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё бо мақсади баланд бардоштани донишу маърифати ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба аҳамияти Бозиҳои Осиё, оммавияти варзиш, интихоби тарзи ҳаёти солим ва арзишҳои умумибашарии Ҳаракати олимпӣ қабл аз Бозиҳои Осиё  роҳандозӣ мегардад.

Шӯрои олимпии Осиё баргузории чорабинии мазкурро дар қаламрави 45 кишвари Осиё ба нақша гирифтааст, ки дар меҳвари аслии он таблиғу ташвиқи 18-умин Бозиҳои тобистонаи Осиё дар Ҷакарта/Паленбанги Индонезия қарор мегирад.

Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлолӣ бори аввал соли 1994 дар Бозиҳои Осиё ширкат кард ва то имрӯз 21 медал, аз ҷумла, 4 медали ба даст овардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *