Душанбе: Фаъолияти 7 ширкати мусофирбар қатъ карда шуд

Корхонаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ба далели ҷавобгӯ набудан ба талабот фаъолияти 7 ширкати мусофиркашонӣ дар пойтахти Тоҷикистонро боздоштааст. чуноне як манбаъ аз ин корхона гуфтааст «фаъолияти ин ширкатҳо бинобар ҷавобгӯ набудани хизматрасониашон ба мусофирон қатъ карда шудааст», аммо аз эълони сабабҳои дақиқи ин амр худдорӣ кардааст.

Ба иттилои ин манбаъ, танҳо дар 3 моҳи аввали ҷорӣ воситаҳои нақлиёти мусофирбарии корхонаю ҷамъиятҳои нақлиётие, ки бо муассисаи мазкур шартномаи ҳамкорӣ доранд, дар маҷмӯъ беш аз 42 миллион мусофир кашонда шудааст. Вай афзуд, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе 40 автобуси нави воридшуда аз Туркия, 250 автобусу троллейбусҳои қадимӣ ва ду ҳазор микроавтобуси хусусӣ ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Ҳамчунин инн манбаъ афзудааст, ки қатъи фаъолияти 7 ширкати мусофиркашонӣ дар таъмини хадамоти нақлиёти ҷамъиятии шаҳр таъсири ҷиддие нахоҳад гузошт, зеро соҳибони микроавтобусҳо бо ширкатҳои дигари дорои иҷозатнома шартнома мебанданд ва хидматрасонии худро идома медиҳанд. Вай афзуд, ки ба хотири пешгирӣ аз танбашавии нақлиёт дар роҳҳои пойтахти Тоҷикистон, масири ҳаракати бархе аз микроавтобусҳову нақлиёти дигари ҷамъиятӣ тағйир дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *