Dushanbe Grand Slam 2024. Ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд

Мусобиқаи байналмилалӣ Dushanbe Grand Slam 2024 оид ба ҷудо дар пойтахти Тоҷикистон ба анҷом расид. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 ҷудочӣ муаррифӣ намуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар рӯзи охир, яъне 5 май Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) медали нуқра, Муҳаммаҷон Абдуҷалилзода  (дар вазни -90 кг) медали биринҷӣ ва Ҷаҳонгир Маҷидов (дар вазни -100 кг)  медали биринҷии мусобиқаро соҳиб шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи сеюми мусобиқа:

Занон

-78 кг

1. Анна-Мария Вагнер (Олмон)
2. Алина Боем (Олмон)
3. Эмма Рид (Британияи Кабир)
3. Беата Пакут-Клочко (Лаҳистон)

+78 кг

1. Ася Тавано (Италия)
2. Кинга Волшак (Лаҳистон)
3. Урсула Хофман (Лаҳистон)
3. Ли Хёнджи (Ҷумҳурии Корея)

Мардон

-90 кг
1. Мунсур Ларсанов (намояндаи дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
2. Давид Кламмерт (Чехия)
3. Хан Чиёп (Ҷумҳурии Корея)
3. Муҳаммаҷон Абдуҷалилзода (ТОҶИКИСТОН)

-100 кг

1. Дженнаро Пирелли (Италия)
2. Даниэл Эйх (Шейтсария)
3. Ҷаҳонгир Маҷидова (ТОҶИКИСТОН)
3. Джафар Костоев (Амороти Муттаҳидаи Арабӣ)

+100

1. Тедди Ринер (Фаронса)
2. Темур Раҳимов (ТОҶИКИСТОН)
3. Денис Башаев (намояндаи дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
3. Лоссени Коне (Олмон)

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ шуданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ Dushanbe Grand Slam 2024 ҷудочиёни Тоҷикистон 7 медалро соҳиб шуданд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов  (дар вазни -60 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра, Муллораҷаб Халифаев (дар вазни -66 кг) медали биринҷӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода (дар вазни -73 кг) медали нуқра , Муҳаммаҷон Абдуҷалилзода  (дар вазни -90 кг) медали биринҷӣ, Ҷаҳонгир Маҷидова (дар вазни -100 кг) медали биринҷӣ ва Темур Раҳимов (дар вазни +100) медали нуқра ба даст оварданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *