Душанбе хост гунаҳкорони марги муҳоҷирон ҷазо дода шаванд
Тоҷикистон аз Русия талаб намудааст, ки бо таҳқиқи воқеъбинона ва муайян кардани сабабҳои он, гунаҳкорони ҳодисаи сӯхтор дар ҳудуди майдони сохтмонии марбут ба ширкати “Абсолют Агро”-и вилояти Тюмен, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар ин оташсӯзӣ 7 муҳоҷири кории тоҷик ҷон бохтанд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли ёддошт ба вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки чунин ҳодисаҳо бинобар набудани оддитари шароити корӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон рух додааст ва корфармо бояд масъулият дошта бошад.
Ҷониби Тоҷикистон талаб кардааст, ки ба хотири фароҳам овардани шароити дурусти корӣ аз тарафи корфармоён ва роҳ надодан ба такрори чунин ҳодисаҳо, алайҳи масъулин чораҳои маъмурӣ андешида шавад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки қурбониёни ин ҳодиса ягона ноноварони хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон буданд ва ҳеҷ гуна қавонини кишвари мизбонро нақз накардаанд.
Бино ба гузориши вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ҳодисаи оташсӯзӣ, ки шаби ҷумъа ба шанбеи гузашта рух дод, ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида ва се шаҳрванди дигари кишвар дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтаанд.
Бино ба таҳқиқоти ибтидоӣ, иллати сӯхтор истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқӣ будааст. Кумитаи тафтишоти Русия низ эълон кард, ки дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таҳқиқи қазия идома медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ