Душанбе: Интиқоли оби нӯшокӣ як шабонарӯз қатъ мегардад

Интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино — маҳаллаҳои 81, 82, Шараф, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков ва Бунгоҳи гармидиҳии марказии №2  ба муҳлати як шабонарӯз аз  соати 22:00 рӯзи 25  то соати 24:00 рӯзи 26 декабри соли 2018 қатъ мегардад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар додаанд, ин амал бо мақсади пайваст намудани қубурҳои хобонидашудаи қутрашон 630 мм ба қубурҳои амалкунанда дар иншооти «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон (аз пайкараи А.Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе), мавқеи километрҳои 0+00 то 1,2 буриши  хиёбонҳои Н.Махсум ва А.Сино» роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори мазкур, раиси ноҳияи Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки  дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин Раиси шаҳр ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе  супориш додааст, ки  ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *